ДИС ДДТТ БО ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧЕЧАНГИ ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ХИТОЙ ШАРТНОМА ИМЗО НАМУД

Санаи 3 маи соли 2018 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Чечанги Ҷумҳурии Халқии Хитой ташриф оварданд. Намонядагии Донишгоҳи байналмилалии Чечанг хонум Саида Мамаҷонова аз шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва хонум Шуюан Ли аз шуъбаи кор бо донишҷӯёни хориҷа ба  ДИС ДДТТ ташриф оварда, бо директори донишкада мулоқот анҷом доданд ва санади ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи ивази донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон ба имзо расониданд.

Меҳмонон бо донишкада ва дастовардҳои он аз наздик шинос шуда, дар машғулиятҳои гурӯҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ширкат варзиданд. Хонум Шуюан Ли аз сӯҳбат бо забони хитоии донишҷӯёни мо хеле хурсанд шуда, аз сатҳи забондониашон изҳори қаноатмандӣ кард.

Баъдан дар толори донишкада мулоқоти судманди намояндагони Донишгоҳи байналмилалии Чечанги Ҷумҳурии Халқии Хитой бо устодону донишҷӯён баргузор гардид. Директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода ташрифи меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, перомуни густариши робитаҳои  сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии ҳар ду кишвар ибрози назар кард.

Сипас, дар мизи мудаввар меҳмонон бо намояндагони донишкада, дар ҳайати директори ДИС ДДТТ н.и.и., дотсент Олими Рауф Латифзода, муовинони директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ д.и.и., профессор Аминов И., оид ба таълим н.и.и., дотсент Қаюмов А., оид ба илм д.и.и., профессор Ризоқулов Т. ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мухторов С. гуфтушунид гузаронида, самтҳои афзалиятнокро барои ҳамкории дуҷониба муайян намуданд. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо тарафҳо ба хулосае омаданд, ки дар соҳаи илму таълим, ивази таҷриба, рафту омади омӯзгорону донишҷӯён минбаъд ҳамкорӣ намоянд. Донишкадаи байналмилалии Чечанг барои қабули то 10 нафар донишҷӯёни ДИС ДДТТ аз соли хониши 2018-2019 аз рӯи барномаи ивази донишҷӯён омодагии худро баён намуд. Мизи мудаввар бо бастани созишномаи ҳамкории тарафайн ба анҷом расид.

Мухторов С. С.,
мудири шуъбаи робитаҳои
байналхалқии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *