ТЕРРОРИЗМ ЗУҲУРОТИ НАВ НЕСТ ВА ҚУВВАҲОИ СОЛИМФИКРИ САЙЁРАРО ЛОЗИМ АСТ, КИ ЗИДДИ ОН МУБОРИЗА БАРАНД!

Терроризм инсониятро дар ҳама давраи таърихӣ таҳдид мекард. Экстремизм ва терроризм ҳануз хеле барвакт ҳамчун мафҳум ба вуҷуд омаданд.

Гуруҳи динию сиёсӣ, ки дар Ғарб бо номи гуруҳи террористӣ мавҷуд буд, шинохта мешуд. Тибки нишондоди таърих террор ҳамеша дар ҳоли афзоиш аст. Дар асрҳои гузашта 144 амали террористӣ ба мукобили ходимонӣ давлатӣ анҷом дода шудааст.

Аз соли 1968 то 1980 аз тарафи онҳо 6700 амали террористӣ анҷом дода шудааст,ки дар натиҷа 3668 нафар кушта ва 7474 нафар захмӣ гардидааст.

Таълимоти исломӣ иҷозат намедиҳад, ки инсон террорист бошад. Мувофики шариати ислом, ҳаёт ва озодии инсон мукаддас мебошад. Аз ҳаёт маҳрум кардани инсон гуноҳи кабира маҳсуб дониста мешавад. Ислом ҳар як шахсро чӣ гунае, ки ҳаст, ҳамон тавр эътироф менамояд.

Ќариб ҳар рўз тавассути расонаҳои хабарӣ,аз амалҳои террористии гурўҳи ба номи «Давлати исломӣ» дар Ироку Сурия ва дигар кишварҳо хабару гузориш нашру пахш мегарданд. Сокинони сайёра ваҳшонияти ҷангиёнро, ки худро ҳомии ислом хонда мардуми бегуноҳро катли он мекунанд, котилона маҳкум менамоянд. Боиси таввасуф аст,ки имрўз дар сафи террористон шаҳрвандони собик шўравӣ, аз ҷумла ҷавонони гумроҳи тоҷик низ меҷанганд.То ҷое маълум аст,ки аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан дар Россия гўё барои пулкоркунӣ ба Сурия рафтанд. Вале аник он аст, ки онҳоро фирефтаи таблиғоти гумгаштагони гурўҳҳои террористӣ ва сомонаҳои онҳо ки «кўҳи тиллоӣ» ваъда медиҳанд, шудааанд. Бехабар аз он,ки онҳоро дар он ҷо пулӣ калон не, балки марг интизор аст.

Бинобар зарур аст,ки восита ва усулҳои таъсирбахш дар самти мубориза бар зидди терроризм дар доираи минтака ва умумиҷаҳонӣ кор бурда шавад. Дар ин замина, баланд бардоштани сатҳи дониш, рўҳияи инсондўстӣ, тарбияи маънавии одамон, беҳбудшавии дараҷаи зиндагии шаҳрвандон ва бо ҷалби ҷомеаи ҷаҳон ташкили маъракаи оммавӣ бар зидди терроризм низ таъсирбахш хоҳад буд.

Мо ҳамаи ҷавононро даъват менамоем, ки дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгарӣ муттаҳид шаванд.

Матлуба Турсунова, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *