Изҳороти кафедраи забонҳои тоҷикию русии ДИС ДДТТ оид ба истифодаи дини Ислом бо ғаразҳои сиёсӣ

 Бо номи дини мубини ислом имрӯз баъзе нафарон амалҳои террористиву ифротгароиро анҷом дода ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидаанд. Лаънат ба чунин инсонҳои ифлос!!! Назари қотеъонаи мо ин аст, ки ислом набояд бо ғаразҳои сиёсӣ омехта карда шавад. Ислом дини мо, эътиқоди мо ва манбаи покизагии ҳаёти мо мебошад. Ислом бояд барои ташаккули рӯҳи инсон ва покизагии рӯзгори ӯ хизмат намояд.

Яке аз сабабҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад.

Он шахсоне, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд.
Ҳол он ки даҳҳо ояту ҳадисҳое ҳастанд, ки ҳаққоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одил буданро сифати аслии мусулмонӣ медонанд.
Аъзои фаъоли гурўҳҳои террористӣ, аксар хатмкунандагони донишгоҳҳои муҳандисию тиббӣ, ҳуқуқшиносон, омўзгорон, рўзноманигорон, мебошанд. Масалан, чанд шахсоне, ки дар оилаҳои бою бадавлат тавлид шудаанд, террористони машҳур гаштаанд, аз ҷумла Усома бини Лодан, Карлос Венесуелаги. Ифротгарон ва террористон бо номҳои гуногун ва шаклҳои гуногуни зуҳур, инсониятро таъқиб мекунанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамолики мусулмон арзишҳои миллӣ ва динии худро зери хатар мебинад.

Зиндагӣ бо ҳама шебу фароз, пасту баланд ва ғаму шодиҳояш ширинтарин неъмати илоҳист. Он чизе, ки зиндагиро зинат медиҳад, албатта кору пайкори одамони некандеш, файзу баракати фаъолияти инсонҳои бунёдкору созанда аст. Хушбахтона, Тоҷикистони мо дар мубориза бо ин вабои аср дар сафи аввал қарор дорад. Мубориза бо терроризму экстремизм дар сиёсати давлати Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду даҳсола аст, ки дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумат қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, Тоҷикистон дар радифи дигар ташаббусҳои ҷаҳонӣ, аз қабили танзими захираҳои об дар ҷаҳон, инчунин дар масъалаи мубориза бар зидди терроризму тундгароӣ низ ибтикороти наҷибе нишон медиҳад. Намунаи бисёр ҷиддии ин ибтикорот – Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» буд, ки чанде қабл дар Душанбе доир гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон дар ин конфронси пураҳаммият суханронӣ карда, он нуқтаи назареро иброз карданд, ки онро метавон ҳамчун барномаи амал бар зидди ин зуҳуроти номатлуб пазируфт. Ҳушдори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи хатари терроризм ба ҳама кишварҳо тааллуқ дошт, зеро дар замони имрӯза ягон кишваре наметавонад аз ин балоҳо дар амон бошад, то вақте ки мубориза шакли дастаҷамъонаро нагирад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *