


Имрўз терроризм ва экстремизм дар минтаҷаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтаҷаҳо воҷеан таҳдид эҷод менамояд. Пӯшида нест, ки бархе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як қатор доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсонро нодида мегиранд. Аз ин ҷиҳат, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, зери фишори нерӯву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем. Ҳоло гуруҳҳои ҳизбу гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, равияҳо ва иттиҳодияҳо ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияташон дар ҳудуди кишварҳои ҷаҳон фаъолияташон манъ аст.Аз ҷумла ташкилоту равияҳои террористию экстремистӣ ба номи “Ал-Қоида”, “Боко Харам”, “Давлати исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ”, “Ҳизб-ут-таҳрир”, “Бародарони мусулмон” ва монанди инҳо барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ ва истифода аз дини мубини ислом баҳри татбиқи ҳадафхои нолоиқи худ фаъолият доранд. Дар робита ба ин, яке аз созмони террористӣ «Бародарони мусулмон» (Братья-мусульмане» (араб. الإخوان المسلمون, эль-ихуан эль-муслиму́н)-ро мисол меорем, ки ҳоли ҳозир дар Тунис, Либия, Сурия ва бисёр кишварҳои дигари араб нуфузи хеле қавӣ дорад. Баробари ин, яке аз омилҳои муҳими иҷтимоию сиёсӣ низ паҳншавии ваҳҳобия дар минтаҷаҳои ҷаҳони муосир мебошад. Таҷрибаи паҳншавии навваҳҳобӣ дар ҷаҳони муосир боиси падидаҳои манфии амнияти ҷомеа ва давлат мегардад. Ин зоти нопок барои ноил шудан ба мақсади ниятҳои палидона ва касифонаи худ аз ҳеҷ гуна қабоҳат ва ҷаҳолат рў наметобад, ҳатто ба тифлакон ва занону пирони барҷомонда ҳам раҳм намекунад. Дар иртибот ба ин, олимону сиёсатшиносон андешаҳои хешро иброз намудаанд.Масалан ба андешаи сиёсатшиноси маъруф А. Игнатенко, ваҳҳобизми муосир боиси пароканда шудани ҷомеаи миллии мусалмонон дар як кишвари мушаххас, таъсиси гурӯҳҳои фаъоли зиддисистемавӣ, шомил шудани онҳо ба шабакаи умумиҷаҳонии созмонҳои ваҳҳобӣ, паҳн кардани идеологияи таҳаммулнопазирии динию миллӣ, асосноккунии назариявии зӯроварӣ, ифротгароӣ, терроризм ва муайян кардани ҳадафҳои сиёсӣ мегардад. Алҳол ин зуҳуроти инфиродии ваҳҳобия дар манотиқи мухталифи ҷаҳони ислом бо вижагиҳои хоси худ дар рушди сиёсии бисёре аз давлатҳои муосир осори худро мегузорад. Донишмандони дини мубини ислом борҳо таъкид кардаанд, ки амалкардахои ин гуруҳҳои ифротгарой ва дигар гуруҳҳои экстремистиву террористӣ, ки бо номи «ҷиҳод» анҷом дода мешаванд, бо исломи асилу ноб робитае надоранд. Дар иртибот ба ин, Асосгузорн сулху вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон дар зимни ироаи Паёмҳои хеш ба Мачлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистои пайваста таъкид намудаанд, ки “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазхаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.
Баҳри баҳри решакан кардани тухми ин падидаи номатлу ҳар як давлат бар зидди терроризм ва ифротгароӣ бояд муборизаи беамон барад, ҳамзамон ҳуҷуҷу озодиҳои асосии инсонро таъмин намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ки як узви ҷудонашавандаи ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад, баробари давлатҳои абарқудрати ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати пешгирӣ ва умуман решакан кардани терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосирро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ва сиёсати дохиливу хориҷии худ медонад. Таърих гувоҳ аст, ки имруз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар иртибот ба ин, бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм дар соли 1999 ва то имруз як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуданд. Аз ҷумла, 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид.Бояд қайд кард, ки ин ду қонуни мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Хулоса,Ҷумҳурии Тоҷикистон имруз яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст. Кишвари соҳибистиқлоламон, имруз зери сиёсати сулҳҷӯёнааш ҳамеша амалҳои террористӣ ва экстремистиро маҳкум мекунад.Чи хеле ки дар боло зикр намудем, Тоҷикистон имруз яке аз давлатҳое мебошад, ки дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои муосир пешсаф мебошад. Мардуми бонангу номуси мо ифротгароӣ ва терроризмро дар ҳама намудаш маҳкум менамояд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки мардуми мушкилнописади кишвар, аз ҷумла ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ муборизаи беамон хоҳанд бурд. Хулоса, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу Ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошанд. Новобаста аз мавқеи сиёсӣ ва эътиқоди динӣ бояд, ки барои пойдор нигоҳ доштани ин фазои амну осоиш бетараф набошад ва баҳри боз ҳам гулгулшукуфоии ин сарзамини офтобӣ шабонарӯзӣ заҳмат бикашад. Зеро, ин марзу бум аз мост ва танҳо мо метавонем бештар аз ҳама онро ба мисли ҷон дӯст дорем ва ба наслҳои минбаъда чунин як давлати босуботро ба ёдгор гузорем. Ин фазои сулҳу оромиро, ки бар ивази талошҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, бояд чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ дорем ва нагузорем ҳеҷ омиле онро халалдор созад.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ