МУБОРИЗАИ ОШТИНОПАЗИР АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

                                     

Имрўз дар ҷомеи ҷаҳонӣ ба майдон омадани ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва гурўҳҳои манфиатхоҳу манфиатҷўи ифротгаро боиси мушкилотҳои зиёд гардидааст. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Барои монеъ шудан ба фаъолиятҳои ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои гумроҳкунанда аксарияти давлатҳои дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамарўза талош варзида истодаанд. Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин мўҳлат оид ба ин раванд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, аз рўзҳои аввалини давлатдории хеш ин қабил ҷиноятҳоро маҳкум карда, ба қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда, ба ташкилотҳои байналмиллалии давлатию ғайридавлатӣ дар ин раванд ҳамроҳ шуда, ҳамагуна зуҳуроти террористӣ ва экстремистиро қотеъона маҳкум менамояд. Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадҳояшон аз минбари баланди СММ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва экстремизм буданд ва ҳастанд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти масъалаҳои муҳими сол ва дурнамои соли минбаъда суханронӣ менамоянд, ки дар оғози ҳар Паём пеш аз баррасии вазъи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, вазъи мавҷудаи байналмилалӣ ба таври мухтасар баён мегардад. Баҳри татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард, ки имрӯзҳо барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ мешавад, аз ҷумла мархала ба марҳала қонуну фармонҳо ва барномаву стратегияҳои зерин қабул шудаанд:
-Фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм”, аз 21 апрели соли 1997, №707;
– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999);
-Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2000);
-Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ( соли 2002);
-Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( соли 2006);
-Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( соли 2016)
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (соли 2020);
– Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ( соли 2021).
Бояд қайд кард, ки ҷиҳати мукаммал намудани хатари умумиҷаҳони терроризм ва экстремизм Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба қонун оид ба мубориза бо терроризмро қабул намуд. Мақсади аввалини қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” аз 16 ноябри соли 1999 ин татбиқи сиёсати давлатӣ дар сохаи мубориза бар зидди терроризм; татбиқи ўҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳо вобаста ба мубориза бар зидди терроризм, ошкор, пешгирӣ ва қать намудани фаьолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм. Дар қонуни зикргардида мафҳумҳои асосӣ, субъектҳои муборизабаранда, субъектҳои бевосита муборизабаранда, роҳҳои пешгири намудан аз хатарҳои террористӣ ва дигар масъалаҳо пешбинӣ гардидааст. Бори дуюм дар таҳрири нав 23 декабри соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм” қабул гардид, ки дар он мафҳумҳои дар қонуни пештара мавҷуд буда, ба таври мушаххас маънидод гардид.
Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта умр ба сар барад. Хулоса, дар фароварди андешаи хеш, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ муборизаи оштинопазир мебарем.

Д.ШАРИПОВ,
ҷонишини декан оид ба тарбияи
факултети тиҷорат, фаъолияти
гумрукӣ ва ҳуқуқ ДИС ДТТ
дар ш. Хуҷанд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *