ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ ИМРУЗА

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, таѓйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ѓасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост.
Умуман авҷ гирифтани ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Чунончӣ дар бархе аз кишвари ҷаҳони ислом ба мисоли Афғонистон амалҳои террористӣ содир шуда истодаанд, ки вазъи сиёсӣ дар ин кишвар ноором буда, мардуми осоишта қурбони амалҳои гуруҳу ҳаракатҳои терророристӣ ва ифротгароӣ гардидаанд. Ин ҳолат баъд аз ба сари ҳокимият омадани ҳаракати «Толибон» боз бештар аёнтар гардид. Воқеан имрӯз дар ин кишвар доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Тибқи расонаҳои хабарӣ имрӯз дар Афѓонистон тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд. Бархе аз онҳо, аз ҷумла ДИИШ барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд, ки шумораи ҷангҷуён тақрибан ду ҳазорро ташкил медиҳад. Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд.
Хулоса ҳодисаҳои рӯйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад.

МӮМИНОВА Н. Р.,
н.и.и., муаллимаи калони
кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *