ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ оид ба ҳодисаи ҳалокатовар дар Ҷумҳурии Қазоқистон

Мо кормандони шуъба зимни изҳороти хеш сараввал бинобар дар ҳодисаҳои моҳи оѓози январи соли 2022 ба ҳалокат расидани кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва аҳолии осоиштаи кишвар ба мардуми бародари Қазоқистон изҳори тасаллият баён менамоем. Доир ба ҳодисаҳои ҳалокатовари ин кишвар ибрози андеша намуда, қайд меамоем, ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев зимни суханронии хеш ишора намуд, ки дар ҳодисаҳои фоҷиабори Қазоқистон гурӯҳҳои террористию ифротие, ки дар хориҷи кишвар амал мекунанд, даст доранд. Бо дарназардошти ин ҳолат Қосим-Жомарт Тоқаев) бо мақсади рафъи хатари террористӣ барои кӯмак ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД муроҷиат кард. Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД вобаста ба муроҷиати саривақтии Президенти Қазоқистон тасмим гирифт, ки нерӯҳои дастҷамъии посдори сулҳ ба қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шаванд. Бояд қайд кард,ки тибқи қарори Шӯрои мазкур, дар як муддати ниҳоят кӯтоҳ, неруҳои дастҷамъии посдори сулҳи СААД барои ба эътидол овардани вазъ ба Ҷумҳурии Қазоқистон фиристода шуданд. Аз ҷумла, воҳидҳои неруҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия 3000 нафар, Ҷумҳурии Беларус 500 нафар , Ҷумҳурии Қирғизистон 150 нафар ва Ҷумҳурии Арманистон 70 нафар низомиёнро фиристоданд. Баробари ин Пешвои хирадманди мо – Эмомалӣ Раҳмон, ки таҷрибаи бузурги сулҳофарӣ доранд, мувофиқи анъанаҳои неки тоҷикӣ ва принсипи инсондӯстона ва бо дарназардошти қарори Шӯрои амнияти дастҷамъии СААД 200 нафар афсар ба кишвари Қазоқистон сафарбар карда шуданд. Бояд қайд кард, ки 13 январи соли 2022 баъд аз муътадил овардани вазъият дар ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳайати нерӯҳои сулҳҷӯёнаи СААД ба кишвари хеш баргаштанд.
Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳама давру замон барои кишварҳои дӯсту бародари қазоқ кумаки амалии хешро дареѓ намедорад ва ин мояи ифтихору шукронаи мардуми ин ду кишвар мебошад. Мардумони ду кишварро равобити бародарона, ки бар анъанаҳо ва арзишҳои муштарак асос ёфтаанд, мепайванданд. Ҳоло муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, тиҷоратӣиву иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва ғайра бомуваффақият густариш меёбанд. Дар фарҷоми изҳороти хеш хоҳоҳони онем, ки бигузор ҳамеша дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон оромиву суботи ҷомеа пойдор монад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *