Имрӯз маблағгузорӣ шудани ташкилотҳои террористию ифротӣ аз тарафи созмонҳои байналмиллалӣ ва давлатҳову фондҳо барои касе пӯшида нест. Чунин ниҳодҳо асосан поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳру уқёнусҳо ғарқ шудани ҳазорон гуреза, аз ҷумла, занону кӯдаконро нодида мегиранд. Чунин раванд омили ба вуҷуд оварандаи нооромӣ ва бесуботии ҷомеа хоҳад шуд, зеро баҳсҳо ва муборизаҳои идеологӣ ва ғоявӣ дар майдони шабакаҳои иттилоотӣ бо тамоми шиддат ҷараён доранд. Ин мушкилот дар маҷмӯъ, боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатхоҳ ва фурсатталаб аз вазъияти ҷойдошта истифода мекунанд. Сатҳи пасти таълиму тарбия дар оила ва надоштани маърифати кофии динӣ ва инчунин, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, сатҳи бекорӣ сабабгори асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро гардидааст. Яке аз роҳҳои асосии ҷалб намудани ҷавонон ба ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ асосан, муҳоҷирати меҳнатӣ ва инчунин ташвиқот аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки нисбатан ба эътидол омадани афзои Сурия ва Ироқ бархе гуруҳҳои терррористӣ аз қабили ДИИШ ва Ал-Қоида ба Афғонистон ва кишварҳои Аврупо паногоҳ ёфта, фаъолияташонро ба роҳ монда, бархе Ҷавонони кишвари моро гумроҳ кардаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки тибқи расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Туркия, санаи 14-уми апрели соли 2021 дар як амалиёти махсус бо гумони ҳамкорӣ бо гуруҳи тундрави ДИИШ 11 нафар боздошт шудаанд ва дар байни боздоштшудагон, як нафар зодаи Тоҷикистон мебошад. Бинобар ин, ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ лозим аст, ки бетарафиро интихоб нанамояд, ёру дӯстон, хешу ақрабо ва ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳаракатҳо огоҳ созанд. Фаромӯш набояд кард, ки аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имруза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
НУРМАТОВА С.,
ассистенти кафедраи
назарияи иҷтисодӣ