ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ нисбати суханҳои иғвоангезонаи М.Кабирӣ дар шабакаи иҷтимоӣ

Мо кормандони шуъбаи кор бо ҷавонони Донишкада борҳо нисбати собиқ роҳбари ҲНИ Мухиддин Кабирӣ, ки номи ҳизбашро ба Паймони миллӣ иваз намуда, бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ дар яке аз кишварҳои Аврукпо паноҳ ёфта, имрузҳо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаи ифротиаш баромадҳо менамояд, назарсанҷӣ карда, хиёнаткори миллатро шадидан маҳкум намуда будем. Чуноне, ки мо зимни изҳороти қаблӣ нисбати фаъолияти ТТЭ ҲНИ сухан карда будем, такроран қайд менамоем, ки роҳбараш М.Кабири чун солҳои қаблӣ aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaд.
Мо ҷавони даврони истиқлол имруз низ бо изҳороти хеш, нисбати лофзаниҳои М.Кабирӣ, ки дар оғози моҳи шарифи Рамазон, тариқи барномаи ифротии “Паймони миллӣ” баромад намуда буд, андешаронӣ менамоем. Кабирӣ зимни баромади навбатиаш таҳти унвони «Дар бораи фазилати Рамазон» баромади иғвогаронаро боз пеша намуд. Аз баромади Кабирӣ ҳар бинанда бе ягон душворӣ пай мебарад, ки мавсуф ин навбат худро Раиси Шӯрои уламои дини чумҳурӣ намоиш дод.
Зимни баромадаш вобаста ба масоили дуруғу дурӯғӯӣ сухан намуда, дар бораи роҳбарони фашистон, Гитлеру Гебелс ва китоби он, сухан кард. Ин чӣ маънӣ дорад?! Дар робита ба ин ба хонандаи закӣ шарҳу баён намудан зарурият надорад.Хулоса Кабирӣ дигар коре надорад! Ин навбат рафтору гуфтори Кабирӣ низ аз ҷиҳати сиёсиву фарҳангӣ дар ягон қолиб рост намеояд.
Баробари ин Кабири зимни баромадаш дар бораи муҳоҷирону маҳбусон (зиндониён) сухан намуда, бо ин васила ба муҳоҷирон дилсӯзиву ва собиқ пайравони маҳбусиаш пуштибонӣ намуд. Гуё муҳоҷирон озоб кашида истоданду дигаре гуноҳе надошта бошанд. Хулоса суханҳои Кабирӣ даъвоҳои пучу беъманӣ ва бепояаш дар бораи масъулият, одобу аҳлоқ, дину диёнат ва дигар насиҳатомези иғовоанезонааш бори дигар ба мардум нишон дод, ки миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистонро дар назди хоҷагони сармоядеҳу барномасозаш бадном кунад. Баробари ин бояд қайд кард, ки мо ҷавонон аз соҳибистиқлолии кишвари хеш сарбаланду шукргузорем ва аз аркони дини Мубин фазилати моҳи шарифи Рамазон огаҳем. Бояд ёдовар шуд, ки моҳи Рамазон моҳи сулҳу субот ва покӣ аз нифоқ аст. Моҳи хайру баракат, моҳи ибодат, моҳи аз ҳоли беморон ва мӯҳтоҷон хабардор шудан ва моҳи аз буғзу адоват дур будан аст. Хулоса гуфтору рафтори роҳбари ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш баръкси ин суханҳо.
Хушбахтона, имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо, ки бештари онро ҷавонон ташкил медиҳад ба ин тамоюлҳо мо баҳои дурусти худро медиҳем, зеро ҷавонони даврони соҳибистиқлол оид ба давлату давлатдорӣ ва дин баҳоигузории худро доранд.
Дар фарҷоми изҳороти хеш мо ин навбат низ Кабирӣ ва умуман пайравони ТТЭ ҲНИ сахт маломат карда, лаънат мехонем ва суханҳои иғвоангезонашонро шадидан маҳкум намуда, нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишари мо сухан гӯянд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *