ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ ХАВФУ ХАТАРИ ҶИДДӢ БА ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ !

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо дар тамоми ҷаҳон терроризм ва экстремизми қавмию нажодӣ ва милливу байналмиллалӣ, ки ба марги одамони бегуноҳ оварда мерасонаду модаронро бефарзанд, одамиятро бесарпаноҳ, тифлонро беволидайн мегардонад, мавриди танқиди шадид қарор дорад. Масалан Афғонистон  дар шароити ҳозира бо таҳаввулоти нигаронкунанда рў ба рў гардидааст, ки пойдории сулҳу салоҳро рўз то рўз мушкил месозад. Яке аз омили асосӣ ин аст, ки бархе давлатҳо дар пуштибонии гурўҳҳои ҳаракати “Толибон” ва ДИИШ дар Афғонистон ҳамоно ноамн сохтану пуршиддат нигаҳ доштани вазъи Афғонистон аст.

Бо ибораи дигар боиси печидатар шудани бозиҳо ва фаъолиятҳои созмонҳои истихборотии љаҳон ва минтаќа шудааст, ки ин вазъият сарнавишт ва авзои Афғонистонро рўз то рўз бад карда истодааст. Ҳамин аст, ки дар байни сарони кишварҳои узви Созмони Миллали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи беамон бо ин вабои аср Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда садо баланд карданд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки дар мубориза бо ин зуҳурот муттаҳид бошанд. Бинобар ин, бояд дар ёд дошта бошем, ки терроризм ва ифротгароӣ падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсонҳо хавфу хатари ҷиддиеро ба миён овардаву меоранд.

Таҳлили ҷараёни вазъи вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ гувоҳӣ медиҳад, ки дар айни замон терроризми байналмилалӣ ба минтақа таҳдид менамояд ва он беш аз пеш хусусияти трансмиллӣ ва глобалӣ пайдо мекунад.  Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар чунин шароит Тоҷикистон ба хотири таъмин намудани манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи арзишҳои анъанавии худ сиёсати хориҷии мутавозин ва санҷидаро идома медиҳад.  Хулоса, Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҳудуди кишвар ва ҷаҳон ташкил додани системаи муассири мубориза бар зидди экстремизмро вазифаи афзалиятноки худ мешуморад. Бо такя ба таҷрибаи сулҳофарии худ мо баробари муборизаи беамон бар зидди терроризму ифротгароӣ тарзу усули ҳалли осоиштаи муноқишаву низоъҳои замони муосирро дар чаҳорчӯби меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътирофгардида қотеона ҷонибдорӣ мекунем. Барои мубориза бурдан бо ин падидаҳои зишт дастаҷамъона мубориза бояд бурд.

Гурӯҳҳои ифротгаро талош доранд, ки ба ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд. Мутаассифона, вазъияти он нафароне, ки худро имрӯз қурбони хоҷагони хориҷӣ намудааст, дуруст ба мисоли роҳбарият ва намояндагони ТТЭ ҲНИ Кабирӣ ва шогирдони бесаводаш, ки бо ном “Паймони миллӣ ” ба ҳолашон раҳми кас меояд, зеро имрўз онҳо ба он ҳоле гирифтор гардидаан, ки ҳатто аз ин сарзамин аз зодгоҳи худ дидан наметавонанд, чун баъди ин ҳама хиёнаткори ҷасорати ба ин ҷо омаданро надоранд. Агар натавонистед, хомўширо пеша кунед ва ба осудагии дигарон халал низ ворид насозед, дигаронро низ ба мисли худ хиёнаткор накунед. Ҳамин тавр терроризм яке аз зуҳротҳое мебошад, ки бар зидди амнияти башарият нигаронида шуда бартараф намудани ин падидаи номатлуб вазифаи ҳар як узви ҷомеаи инсонӣ мебошад.. “Пирӯзӣ бар тероризм танҳо бо истифода аз нерӯи низомӣ ғайриимкон аст. Аз ин лиҳоз, омилҳои воқеӣ, моддӣ ва маънавие, терроризм ҳамчун зуҳурот аз онҳо маншаъ мегирад, бояд муайян ва пурра омӯхта шаванд”, – иброз доштанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Д.ШАРИПОВ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *