ДАР ҶОМЕА БА АФРОДИ ДУРУЯВУ ХОИН ҶОЙ НЕСТ!

Тибқи расонаҳо хабарӣ, маълум аст, ки  имрўзҳо, мутаассифона, ҳар гуна ҳизбу гурӯҳҳои ифротгаро ба монанди ТТЭ ҲНИ, “Гурӯҳи 24”  пайдоарзи вуҷуд намуда, дастовардҳои кишаври соҳибистиқлоламонро нодида мегиранд ва аз нооромиву ҳодисаҳои хатари кишвари мо ҳарф мезананд. Вақт довар аст, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ шахси дурӯяву хоин  бо андешаҳои бад нисбат ба давлат ва миллат дорад. Имрӯз фирорӣ шуда, дар яке аз кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагогнаш паноҳ ёфтааст. Илова бар ин, ҳизбашро ба “Паймони миллӣ” ном гузошта, бо ҳаммаслаконаш  тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста туҳматҳоро ранги борон бар сари миллати тоҷик мерезанд.  Баҳсу мунозираҳо намуда, амалҳои бемазмуну бемавридро баён менамоянд. Ин нафарон аз хислатҳои неки инсонӣ фарсахҳо дуранд ва нисбати давлату миллат  беҳурматӣ мекунанд. Ба чунин ашхос миёни ҷомеа ҷой нест, зеро барои мардуми фарҳангпарвари тоҷик пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек аз ҳама болотар аст.

Воқеан таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём тоҷикон миёни оламиён ҳамчун миллати бафарҳанг ва дорои одоби баланд шинохта мешаванд. Ниёгони пурифтихори мо дар асарҳои мондагори худ ҳамеша моро ба роҳи ростӣ, доштани ахлоқи ҳамида, омӯхтани касбу ҳунар ва донишандӯзӣ ҳидоят менамуданд. Вале, сад афсӯс, ин афрод ва амсоли ин дигар ифротгароён намедонад, ки шахси солимақл, соҳибистеъдод, ифтихори оила ва саодатмандии кишвар аст! Кош ба бадтинатон ақли солим мешуду ба ҷойи корҳои иғвоангезона, корҳои хайр ба мисли пешниҳод кардани ғояҳои созанда барои инкишофи мамлакат ва ғайра машғул шуда, ба дигарон, хусусан ба ҷавонон ҳамчун намунаи ибрат мешуданд. Ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки шахси солимақл, ки барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кӯшиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш чунин амалҳои номатлубро раво мебинад фардо дар назди миллату халқ  ҳатман ҷавоб хоҳад дод!

 Р.Анварӣ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *