ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ ЗИШТ ВА ДОҒИ ҶОМЕА

                                                                          
                                           

      Пӯшида нест, ки имрӯз ҷаҳони муосир пур аз ихтилофоти гурӯҳӣ буда, рақобат, хусумат ва кинаангезӣ миёни ақидаҳо инсониятро торафт бештар ба мушкилот мувоҷеҳ сохта истодааст. Дар миёни ин ҳама хушунатҳои қавмӣ амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ бештар мавқеъ пайдо намуда, ба зуҳуроти зишт ва доғи ҷомеа мубаддал гаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки хушунату ифрот ҳамчун зуҳуроти зишт бештар ба ҷавонону наврасон таъсир расонида, тавассути онҳо амалҳои харобкунанда ба роҳ монда мешавад. Рӯйдодҳои соли охирро таҳлил карда, қайд менамоем, ки дастгирӣ ва кӯшиши баъзе бадномсозони ислом ба амал бароварда шуда ва ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.Ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ бо мақсади ба сафҳои худ ҷалб намудани наврасону ҷавонон бештар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиботу ташвиқоти густурда ба роҳ монда, саҳифа, гурӯҳ ва каналҳои махсус таъсис додаан ва шабу рӯз ақидаҳои ғаразноки диниро паҳн менамоянд. Дар ҳолати аъзо шудан ба чунин гурӯҳҳо ва каналҳои ба ном исломӣ ва тамошову мутолиаи пайвастаи матлабҳо ва наворҳои видеоӣ, андешаи ҷавонон дигаргун шуда, ақидаҳои зиддимазҳабӣ ва зиддидавлатӣ пайдо ва ташаккул меёбанд. Оқибат ҷавонон ақидаҳои ифротгароиро қабул намуда, мепиндоранд, ки дини ислом ин ҷиҳод, ҳиҷрат ва қатлу куштор аст. Масалан яке аз созмон бо номи “Давлати Исломии Ироқу Шом” (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” мебошад. Дар айни ҳол “Давлати исломӣ” дар қаламрави Афғонистону кишварҳои Аврупо ва ҳатто дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ фаъолияти ошкорову пинҳониашро ба роҳ мондааст, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид 10-уми феврали соли равон, вобаста ба таҳдиди гурӯҳи ДИИШ ба сулҳ ва амнияти ҷаҳониро баррасӣ кард. Баҳсҳо бештар рӯи фаъолияти шохаи “Хуросон”-и гурӯҳи “Давлати исломи” буд, ки таҳдиде барои минтақа ва ҷаҳон унвон шуд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки имрузҳо мубалиғони “Давлати исломӣ” шабакаҳои иҷтимоиро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, Туркия ва Амрико қарордоштаро ҷалб намуда, сафҳои худро аз ҳисоби ҷавони нооогоҳию бесавод зиёд менамояд.Ҷавони ҷалбшуда сараввал гумон мекунанд, ки бо ин роҳ маблағи муайян ба даст меоранд, вале оқибат гумроҳ шуда, даст ба қатлу куштор мезананд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки тибқи маълумоти Додситони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мутаассифона як шаҳрванди кишварамон аз моҳи декабри соли 2021 то июни соли 2023 дар ҳамкорӣ узви фаъоли “Давлати исломӣ”, аз ҷумла ҳалқаи “Хуросон”, беш аз ҳафтод ҳазор доллари Амрикои барои дастгирии занону фарзандони ДИИШ-иён дар Сурия харҷ шуда, қисме аз ин маблағ ба ду нафар аъзоёни фаъоли созмони зикршуда ирсол шудааст ва ниҳоят ин ду нафар яке шаҳрванди кишвар ва дигаре шаҳрванди Федератсияи Русия, санаи 28 январи 2024 дар калисои итолиёвии католикӣ, воқеъ дар шаҳри Истанбули Туркия амали террористӣ содир кардаанд, ки дар натиҷа як нафар номозгузор ба ҳалокат расид.
Хулоса, авзои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки дастаҷамъона ба тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас ҷиддитар машғул гардида, пеши роҳи ҳама гуна гаравиши ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротгароро бояд гирем. Ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдӯстӣ самаранок истифода кунанд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз бегонапарастию доми фиреби манфиатдорон пешгирӣ намуд. Ҳамаи моро мебояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони кишварамон вақт ва заҳмати худро дареғ надорем. Зеро ҷавонони солимақл, соҳибистеъдод ифтихор ва сармояи хушбахтиву саодатмандии ҷомеа мебошанд.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *