

Раванди ҷаҳонишавӣ аз як ҷониб барои пешрафти илму техника ва технологияи муосир хизмат кунад, аз тарафи дигар тавассути он омилҳои дигари таъсирррасон пайдо шудаанд, ки ба рафтору муносибат ва маърифати сиёсии ҷавонон ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфии худро мерасонад. Ҷиҳати манфии онро таҳлил намуда қайд менамоем, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва дигар равияҳои гуногуни манфиатхоҳ, барои амали намудани амалҳои ғаразнокашон аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус аз шабакаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода мебаранд. Солҳои охир созмону ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ барои паҳн намудани иттилооти бардурӯғ ё иғвоангез, асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Facebook, YouTube, WhatsApp, Instagram, Telegram, Одноклассники баромад менамоянд. Дар баромадҳояшон вобаста ба ҳолатҳои барангехтани кинаю адоват, низоъи миллӣ, нажодӣ, динӣ ва паст задани шаъну эътибори миллӣ, баҳри сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ ё динӣ ба назар мерасанд. Масалан дар канали YouTube -и “Isloh. tv” (Ислоҳ.нет), масъулаш яке аз думравони фаъоли наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки солҳои қалбӣ ва аз оғози соли ҷорӣ то имрӯз дар барномаи “Минбари мухоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла бо Восиев Абдухалил ва Тағоев Муҳаммад ҳадафмандона баромадҳои ифротӣ намуда, бо талошҳои бесамари худ имрӯз умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашанд. Ин тарғибгарони ғояҳои ифротӣ ҳамон бадхоҳони миллат ҳастанд, ки ба ҷуз наҳсию касофат ва бадбахтию хушунат чизи дигаре ба миллату меҳан наовардаанд. Умуман, баромадҳои моҷароҷӯёнаи М.Садридин ва шогирдону думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем ва онро маҳкум намуда, нагузорем, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурўғпардозӣ ва дасисабозӣ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!
Хулоса, дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ гардидани барномаҳои тарғибгарони ғояҳои ифротӣ моро вазифадор месозад, ки дар самти ҳамкории густурда бо волидайни муҳоҷирони меҳнатӣ ва робитаи мустақим доштан бо ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамкории судманд дошта бошем. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад ва он на танҳо ба манфиати шахси алоҳида, балки ҷомеъа бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд. Ҳадафи масъалаи матраҳгардида он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати ўҳдадории хешро пеша карда, қабл аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоишта, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳҳои иғвопеша ва ба суханҳои шахсони мутаассибу бегонапараст фирефта нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
А.ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
