


Мушоҳидаву таҳлилҳо собит менамоянд, ки солҳои охир, бахусус мудири сомонаи экстремистӣ эълоншуда бо номи “Ислоҳ.нет” ва яке аз дастпарварону пасмондаҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “ҳизби наҳзати ислом” Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки то ҳол барои худ хулосаи зарурӣ набароварда, имрузҳо бештар тавассути сомонаи ифротии зикршуда, дар барномаи ”Минбари муҳоҷир” бо ҷалби шогирдону думравонаш, аз ҷумла бештар бо Восиев Абдухалил, лақабаш “Алмаз” ва Муҳаммад Тағоев баромадҳои ифротӣ намуда, даст ба фитнаву иғвогарӣ мезананд.




Ин тангназарони ифротии нотавонбинон зиндагии осоиштаву рўзгори обод, фазои хурраму осуда ва хонаи тинҷу оромро пушти по зада, тарки Ватан карданд, имрўзҳо кўшиш намуда истодаанд, ки бо ҳар роҳу восита бо чашми ғараз бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят баранду ҷавоби он ҷонканиҳояшон маблағҳои бедардимиён ба даст оваранд. Ин тангназарони ифротӣ имруз дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, аз он тўтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари соҳибистиқлоламон санги маломат мезананд ва аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Ин гуруҳаки бадхоҳони ифротӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор, ҳасадхўру тангназарони ифротӣ ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Имруз Муҳаммадиқболи Садриддин ва умуман раҳбарияту ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат- “Паймони милли” сарсону саргардон дарбадар дур аз Ватан, чун калламуши ғаршавандаанд.
Хулоса, ҳадафи ин мақолаи мазкур аз ҷониби як омўзгор дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд. Моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Р.АНВАРӢ,
устоди ДИС ДДТТ