ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ЗУҲУРОТИ ХАТАРНОКИ АСР

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – терроризм ва экстремизм, ки солҳои охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, бахусус дар Афғонистон густариш пайдо кардааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Сарвари кишвар вобаста ба ин масоил дар алоҳидагӣ таъкид карданд, ки дар шароити ниҳоят ҳассосу мураккаби минтақа ва ҷаҳон дар назди мо вазифаҳои бағоят мубрами амниятӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир, силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, инчунин, муҳоҷирати ғайрирасмӣ қарор доранд, ки вобаста ба ҳодисаҳои Афғонистони ҳамсоя торафт шиддат гирифта истодаанд. Баробари ин қайд карданд, ки ҳолати фоҷиабори дар ин кишвар баамаломада гуноҳи мардуми дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги бисёр қадимии Афғонистон нест, балки натиҷаи дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии он мебошад, ки беш аз 43 сол инҷониб идома дорад. Изҳори нигаронӣ ва пешниҳодҳои саривақтии Сарвари кишвар доир ба вазъи Афғонистон дар Паёмҳо ва дар сатҳи байналмилалӣ собит менамояд, ки дар кишварҳои ҳамсояи мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ ҳукмфармо бошад ва мо тавонем, ки бо онҳо дар фазои ҳамсоягии нек ва ҳамкории созанда зиндагӣ кунем. Қайд кардан бамаврид аст, ки баҳри иҷрои қонунгузорӣ ва муқовимат ба терроризму экстремизм Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016, “Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” амал мекард, ки дар асоси он аз тарафи мақомотҳои дахлдор дар ин самт корҳои назаррас амалӣ шуданд. Инчунин дар соли 2021 боз Стратегияи нав таҳти “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” қабул карда шуд, ки масъалаҳои васеъро оид ба бартараф намудани ин муаммоҳоро дарбар мегирад. Баробари ин бояд қайд кард, ки дар шаш соли охир ба қонунҳои самти масоили мазкур 10 маротиба ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст, ки нисфи зиёдаш ба ҳамин меъёрҳо мебошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” бошад, соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Дар робита ба ин суол ба миён омаданаш мумкин аст, ки барои чӣ ҳар як фарди ҷомеа бояд аз талаботҳои чунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бархӯрдор бошанд. Ин сабабҳои худро доранд .Яке аз сабабҳои асосие, ки дар солҳои охир боиси тезу тунд шудани вазъияти ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва дар ин замина содир гаштани чунин ҷиноятҳо гаштаанд мебошанд.Аз љумла:
-оқибатҳои задухӯрдҳои яроқноки дохилии солҳои 1991 то 1993 идома ёфтани он то солҳои 2000 дар ин замина зиёд гаштани гурезаҳо дар хориҷи кишвар ва хатари таҳдид ба кишвар аз тарафи онҳо, алалхусус дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар давлатҳои исломӣ;
-оммавӣ ва ғайриқонунӣ ҷалб гаштани ҷавонон ба донишкадаҳо ва ё мактабҳои динӣ дар ҳудуди љумҳуриҳои исломӣ ва дигар давлатҳои хориҷӣ, дар он ҷо беназорат ғайр аз таълимоти динӣ ба таълимоти ҳарбӣ фаро гирифтани онҳо ва фавран тариқи падару модар ва мақомотҳои дахлдор то ба охир ба ҷумҳурӣ барнагардонидани онҳо;
-аз ин ҳодисаҳо бехабар мондани муассисаҳои таълимӣ, дар натиҷа паст гаштани таълиму тарбияи ватандӯстӣ;
-бештар ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар шудани шаҳрвандон, алалхусус ноболиғону ҷавонон, бесаводии динӣ ва паст будани маърифати ҳуқуқӣ;
-ҳамсарҳад будан бо давлатҳои исломӣ, расидани таъсири ташвиқоти динӣ, боз будани сарҳадҳо дар баъзе минтақаҳо дар дохили давлатҳои хориҷӣ, муқаррар шудани трафики гузаронида бурдани чунин нафарон ба воситаи сарҳадҳои давлатии дар хориҷи кишвар;
-дар ҳамин давлатҳо пайдо гаштани баъзе гуруҳҳои хусуматдоштаи яроқнок, бо номи “лагерҳои мухолиф”;
-кӯшиши тезу тунд намудани вазъият дар муассисаҳои ислоҳӣ, дар ин замина аз байн бурдани рақибон ва нафарони талаби роҳбарони мухолифро дастгирӣ накарда;
-муддати тӯлонӣ дар ҳудудҳои кишвар пайдо шудани ячейкаҳои мавқуфбуда;
-беназорат шудани вазъият дар бозор ва ё трафики муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъадор ва силоҳи оташфишон;
-паст нагашта истодани шумораи истеъмолкунандагони маводҳои нашъадор, алалхусус дар байни ҷавонон ва ноболиғон;
-дар марказҳои дилхушии шаҳру ноҳияҳо бештар бе назорат ҷалб гаштани наврасону ҷавонон;
-дар дасти ноболиғону ҷавонон бештар будани воситаҳои техникӣ аз ҷумла, смартфонҳо, телефонҳо ва ғайра, истифодаи васеъ ва бемаҳдуду беназорат аз чунин воситаҳо, дохил шудан ба сайтҳои ғайриқонунӣ истифодашавандаи ҳамин воситаҳои техникӣ, ки сарпарастони гуруҳҳои мазкур доимо онро истифода менамоянд, мебошанд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, тахминан 80 дарсади тоҷикистониёни дар муҳорибаҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ иштироккунанда собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё нафароне мебошанд, ки аз ҳудуди Федератсияи Россия ба ин давлатҳо рафтаанд ва ё дар хориҷи кишвар таҳсилоти ғайрниқонунии диниро касб кардаанд.
Боз як мисол, дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) қайд кардан ҷоиз аст, ки соли 2011 айбдоршавандае дастгир карда шуд, ки худ дар чунин мактабҳои ғайрирасмии динӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сабақи ғайриқонунии динӣ гирифта, бозпас гашта, дар кӯчаи Кайҳоннавардони ин шаҳр аз фарзандони ноболиғи сокинони ин маҳал як гуруҳ барои омӯзиши ғайриқонунии динӣ ташкил карда, дар рафти омӯзиш ба ноболиғон ба воситаи асбобҳои гуногун зарарҳои ҷисмонӣ мерасонид, ки дастгир карда, ба ҷазо маҳкум карда шуд. Дар рафти тафтишот аз ӯ муайян карда шуд, ки ҳангоми омӯзиши ғайриқонуниии динӣ дар кишвари ҳамсоя нисбаташ чунин усули асримиёнагӣ истифода карда мешудааст вай бошад, барои ҳамин аз ноболиғон қасд гирифтааст.
То ба имрӯз аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти қариб 20 ҳизбу ҳаракатҳо, равияҳо ва созмонҳо ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ дар қаламрави кишвар манъ карда шудаанд. Аз љумла: Ҳизби наҳзати ислом, Гурӯҳи 24, Ал-Қоида, Ҳизб-ут-таҳрир, Ансоруллоҳ, Салафия ва ғайра мебошанд.
Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухурдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, омилҳои номатлуби терроризм ва экстремизм, ки барои амнияти давлат ва миллати мо хавф эҷод мекунанд, ҳамкории муштаракро бо ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ монда, љиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳушёрӣ ва зиракиии сиёсиро аз даст надода, бар зидди зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав муборизаи беамон барем.

ИБОДУЛЛОЕВА Ф.Д.,
ассистенти
кафедраи молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *