Ба таваҷҷӯҳи донишҷӯён расонида мешавад, ки дар Донишкада бо мақсади баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии муҳассилин озмун таҳти унвони «Таҳаммулнопазирӣ ба коррупсия ва муқовимат бар он» дар се номинатсия гузаронида мешавад:
1) мақолаи беҳтарин;
2) шиори беҳтарин дар газетаи деворӣ;
3) ролики иҷтимоии беҳтарин дар самти муқовимат ба коррупсия.
Донишҷӯён метавонанд маводҳои худро то санаи 10.02.2022с. ба садорати факултети худ пешниҳод намоянд.
Шуъбаи тарбия