Пушида нест, ки имруз яке аз зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав-терроризм ва экстремизм мебошад, ки амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро ба хаттари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтааст. Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.
Дар ҷомеаи ҷаҳони муосир гурӯҳҳо ва созмонҳое пайдо шудаанд, ки махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд. Терроризм бо симои афроди силоҳноки ришдароз, ки нигоҳашон ҷӯёи қурбонӣ аст ва ҳар лаҳза аз дин сухан гуфта, хилофи фармудаҳои дин амал намуда, намоён мешавад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ бебунёд сурат мегиранд.Ин аст, ки имрӯз сокинони зиёди ноогоҳи сайёра байни дини ислом ва терроризм фарқ гузошта наметавонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба гурӯхҳои тундрав равона шудааст.Ин тудаи ҷавонони ноогоҳи ба дом афтода, ниҳоят даст ба қонуншиканиҳо зада, теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ) дошта содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоватро барангехта, бо ин амалҳои худ ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятиро халалдор менамоянд. Баробари ин, бояд қайд кард, ки душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми киншари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тавасути телевизонҳои маҳворавӣ ва шабакаҳои интернети ба халқи азизи мо тахдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба гирдиҳамоӣ ташвиқ мекунанд. Дар асл хоинони миллат ватанфурӯшони зархариданд, ки имрузҳо дар кишварҳои Аврупо бо пуштибонии хоҷагонашон баромадҳои ифротӣ мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд. Хуллас, дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна душманони миллат ва ҷавонон ба доми фиреб афтода кам нестанд ва бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон ҷони худро қурбон мекунанд. Ин ҳолат аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ҷавонон аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, алахусус рабт ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Мо бар он ақидаем, ки ин зуҳури моҳияти сиёсати худхоҳонаи абарқудратоҳост, ки мехоҳанд бо дасти ин гурӯҳҳои раҳгумзадаи иҷтимоию сиёсӣ ҷомеаи моро ноором гардонанд ва ҷараёни худшиносиву худогоҳии миллати моро халалдор гардонанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем, ки санаи 22 марти соли равон чанд нафар бидуни ниқоб вориди толори консертии “Крокус Сити Холл”, воқеъ дар шимолу ғарби Маскави Федератсияи Русия шуда, амали террористӣ содир намуданд. Ҳодисаҳои рухдода яке аз амалҳои террористие мебошад, ки натанҳо кишвари Русия, балки тамоми ҷаҳонро ба ташвиш андохт. Махсусан мо, халқи тоҷик бешгар аз дигарон дар ташвиш афтодем. Зеро чандин ҳазор аҳолии мамлакатамон дар ин кишвар кору таҳсил мекунад. Ҷумҳурии мо бо Федератсияи Русия ҳамеша муносибати хубу дӯстона дошту дорад. Мусибати ин кишвар мусибати мо ҳам ҳаст, зеро бо таъмини чандин оилаи тоҷик аз ин кишвар буда, барои осон кардани зисту зиндагӣ ва кору фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ бисёр тадбирҳои судманд андешида мешавад. Хулоса, имруз кишвари мо Тоҷикистон дар баробари рушди иҷтимоиёту иқтисодиёт, пешравии илму техника ба мушкилотҳои мавҷудаи рӯз рӯ ба рӯ аст. Ҳузури фаъоли неруҳои тахрибкор, таблиғ ва паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ, густариши хатарҳои экстремизму терроризм, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, коҳиши маънавии ҷомеа ва падидаҳои дигари номатлуб дар ҷомеаи имруза ҷой доранд. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин қувваҳои вайронкор баҳри расидан ба мақсадҳои нопоки худ, дар мадди аввал аз неруи ҷавонони маҳаллӣ истифода мебаранд. Зеро онҳо аз лиҳози руҳию равонӣ ҳанӯз ташаккул наёфтаанд ва афкори сиёсию иҷтимоии онҳо дар марҳилаи инкишоф қарор доранд. Яъне дар зиндагӣ таҷрибаи нокифоят дошта, зудбовар ҳастанд. Ҳарчанд барои пешгирӣ намудани ин падидаи номатлуб мақомоти масъули давлатӣ чораҳои зарурӣ андешида истода бошанд ҳам, вале бетарафии ҷомеа дар ин самт боиси қатъ нагардидани ин раванди номатлуб гардидааст.
Дар фарҷоми андешаи хеш, бояд қайд кард, ки бо бардошт аз масъалаи матраҳгардида дар шароити кунунӣ насли ҷавони имрӯзаро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи марзу буми ҷумҳурӣ камари ҳиммат банданд. Вазифаи ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯст, алалхусус ҷавонон, ки неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Хулоса, масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандӣ тақозо менамояд, ки истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ бояд эмин нигоҳ дошт.

Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ