
Мо кормандони шубаи илм ва инноватсияи Донишкада иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тавассути шакабаи иҷтимоӣ борҳо баромади як афроди роҳгумзада Беҳруз Тағойзода, ки яке аз узви фаъоли “Гуруҳи 24” ва барандаи барномаи ифротии “Садои мардум ”мебошад, дида ба худ хулоса бароварда, оноро шадидан маҳкум намуда, андешаҳамонро иброз дошта будем. Ин навбат низ нисбат ба баромади Б.Тағойзода, ки санаи 20 майи соли 2023, тариқи барномаи “Садои мардум” баромад намуда буд, ибрози андеша намуда, қайд менамоем, ки бо суханони бемантиқонаю беасосу пӯчи навбатиаш оид ба сиёсати кадрӣ суханони бемаънию берабт баён дошт.. Ҳар як бинанда аз баромадҳои қаблӣ ва навбатии Б.Тағойзода бе ягон душворӣ дарк мекунад, ки ин афроди роҳгумзада ба ҷуз наҳсию касофат, ғайбату туҳмат ва бадбахтию хушунат дигар коре аз дасташ намеояд.
Хулоса, ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки Б.Тағойзода ва хоҷагони хориҷиашон фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби тудаи бадхоҳону ватанфурӯш намефтанд. Мо ба гапҳои дурӯғи зархаридони хориҷӣ ва ватанфурӯшони навбаромад бовар намекунем ва баҳри решакан намудани ғояҳои ифротгароии бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебарем. Бо боварии комил метавон қайд кард,ки имрўз ҳар фарди кишвар, алалхусус омузгорон ва падару модарон бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, баҳри баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон фаъолияти хешро равона менамоянд.