
Мусаллам аст, ки имруз яке аз иттиҳодияи муташаккили ҷинояткории гурўҳҳои экстремистӣ ва террористӣ бо номи Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” мебошад, ки аз ҷониби ҷинояткорони байналмилалӣ барои фиреби назари мусулмонҳо таъсис шудааст. Оғози фаъолияти муғризони ДИИШ-ро мо қаблан дар қаламрави Сурияву Ироқ мушоҳида карда будем. Имрузҳо бошад натанҳо дар Афғонистон, инчунин дар кишварҳои Аврупо низ фаъолиташро густурда намуда, даст ба амалҳои террористӣ заданаш ба назар мерасад,ки тамоми рафтору кирдори аъзои ДИИШ бар хилофи таълимоти дини мубини ислом аст. Имрӯзҳо мубалиғони ДИИШ аз васоити гуногун истифода бурда, ҷавонони зодаи Осиёи Миёна ва дигар мамлакатҳоро раҳгумзада карда ба сафҳои аҳриманиаш қабул намуда, оқибат онҳоро ба коми ҷаҳанам мефиристонад. Аъзоёни ДИИШ бештар бо симои афроди силоҳноки ришдароз, ки нигоҳашон ҷӯёи қурбонӣ аст ва ҳар лаҳза аз дин сухан гуфта, хилофи фармудаҳои дин амал намуда, намоён мешаванд. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ бебунёд сурат мегиранд. Умуман, дар тамоми кишварҳои дунё ҳамин гуна афрод ,алалхусус ҷавонон ба доми фиреб афтода кам нестанд ва бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон ҷони худро қурбон мекунанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мисол меорем ва аз миллату зодаи кадом кишвар будани ҷавонони роҳгумзада худорӣ намуда,қайд менамоем,ки ҷангҷӯёни “Давлати исломӣ дар давоми соли ҷорӣ то имруз 9 амалҳои террористи содир намуданд. Аз ҷумла, санаи 3 январ дар шаҳри Кермани Чумҳирии Исломии Эрон ду таркиш, 6 январ дар ноҳияи Дашти Барчи, воқеъ дар ғарби шаҳри Қобул, 21 март, ш.Кандагари Афғонистон, 28 январ Истанбули Туркия, 30 январ дар ш.Сиби як таркиш, 7 феврал дар шаҳрҳои Пишин, Килла-Сайфуллаи Ҷумҳурии Исломии Покистон ва 22 марти соли равон дар шаҳри Красногорски Федератсияи Русия амалҳои террористӣ содир шудаанд. Аз ин ҳодисаҳои даҳшатовар хулосабарорӣ намуда қайд кардан зарур аст, ки чунин омилҳо ба амнияти ҳар як давлат таъсири манфӣ мерасонад. Барои мубориза ва раҳоӣ аз ин падидаи даҳшатбори ҷаҳонӣ моро зарур аст, то дар баробари роҳҳое, ки онҳо барои ҷалби нафарон истифода менамоянд, мардумро огоҳонем ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодро дар сатҳи қишрҳои гуногуни ҷомеа сари вақт ҳал намоем. Хулоса, вазъияти ба амаломада аз мо талаб менамояд, ки дар давраи ҳассос зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои терористию ифротгароӣ, иштироки онҳоро дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо пешгирӣ намоем. Бояд тадбирҳои судманде андешем, ки дар қатори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тамоми қувваҳои солими ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсту соҳибмаърифат ба муқобили ин зуҳуроти хатарнок сафарбар гарданд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳими калидӣ дорад. Умуман, мо терроризмро дар тамоми шаклҳо ва зуҳуроташ маҳкум карда, зарурати мутобиқати амали ҳамаи ҷамъияти ҷаҳониро оид ба решакан кардани ин золимӣ дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ медонем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад, ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳамаҷониба ҳифз менамояд ва мубориза бурдан ба муқобили терроризм ва пешгирӣ намудани ин ҷиноятро яке аз вазифаҳои асосии худ мешуморад.
Ф.МАМАДҶОНОВ,
устоди ДИС ДДТТ