ПАЙРАВОНИ НАҲЗАТӢ АЙБҶӮИҲОИ БЕАСОС ВА ХАРОБАКОРИРО ПЕША КАРДААНД!

Ҳамагон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ ҳастан, ки дар давоми соли равон бадхоҳони миллат, амиқтараш пайравони наҳзатӣ дар барномаҳои ифротиашон баромад намуданашон ба мушоҳида мерасад. Дар робита ба ин бояд қайд кард, имрӯзҳо ҳаммаслакон ва думравони паймони худсохтаи наҳзат бо номи “Паймони миллӣ..”, ки дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ аст, бо пуштибонии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки кишвари моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Чунончи, дар давоми соли равон бештар аз ҷониби як афроди бешараф бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир”ва шогирдонаш, аз ҷумла Абдухалил Восиев дар барномаи “Дурахши ҳақ”, дигаре Ашуров Хусейн дар барномаи “Ҳақ ва ботил” ва Тағоев Беҳруз узви фаъоли “Гуруҳи 24”дар барномаи “Садои мардум” бо садои баланди ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд нисбати давлати мо – Тоҷикистон сухан мегўянд. бо навбат баромад менамоянд. Хуллас, бидуни шак пайравони наҳзатӣ фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳии худ талош доранд ва дар ин росто аз манфиатҳои милливу давлатӣ куллан сарфи назар кардаанд ва ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надоранд. Мақсади дигари ин мубаллиғони наҳзатӣ дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.

Умуман, баромадҳо ва маводи паҳнкардаи пайравони наҳзат -бадхоҳони миллат собит менамоянд, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат дигар чизе нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон, амиқтараш хоҷагонашон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиҳои беасос ва харобакориро пеша кардаанд. Ин тудаи пайрави наҳзатӣ воқеан, яке аз зумраи бадхоҳони миллатанд, ки кораш кофтукоби айби касон асту рафтору суханрониашон аҳмақнамо ва аз айби худ ғофил мебошанд. Дар робита ба ин, шеъри Мавлоно Руми-ро ёдовар шудан бамаврид аст, ки фармудааст:
Айби худ аблаҳ надонад дар ҷаҳон,
Бошад андар ҷустани айби касон.

Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки иддаои пайравони наҳзатии беватанро мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум менамоянд Мо бояд баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи ҳаммаслаку пайравони худсохтаи наҳзат камари ҳиммат баста, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои бадхоҳони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.

А. ВАЛИЕВ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *