ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ПАДИДАҲОИ ХАРОБИОВАРИ МУОСИР

Минтақа ва ҷаҳони муосир имрузҳо ба ҳаводиси даҳшатбори экстремизм, радикализм ва терроризми динӣ-мазҳабӣ рӯз дар миён дар қолаби исломи сиёсӣ  даргир мешавад ва мақомоти расмӣ, ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи маданӣ ва умуман, мардуми минтақаҳои гуногуни ҷаҳон саъю талош меварзанд, ки дасти дарози ин даҳшатафканиро бигиранд. Аммо чунон ки шоҳидем, вазъ на танҳо беҳбудӣ намеёбад, балки рӯз аз рӯз дар қолабҳои нав муташанниҷтар мегардад. Таҷрибаи кишварҳое, ки дар онҳо ҳизбҳои динӣ бо номҳои гуногун амал мекунанд, исбот кардааст, ки ҳеҷ пешравие дар он мамолики ба “шарофати” ҷунбишҳо ва ҳизбҳои дорои идеологияи динӣ ба вуҷуд наомадааст. Баръакс миёни худи ин иттиҳодияҳои сиёсӣ гоҳо хушунату тазод барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ ба авҷи аъло расида, дар маҷмӯъ, монеаи рушди бомароми он давлатҳо гардидааст. Масалан вазъи сиёсии Афғонистон  на танҳо ба равандҳои дохилӣ, балки ба маҷмӯи равандҳои сиёсӣ иқтисодӣ, амнияти минтақа пайванд гардидааст. Ҷангҷӯёни ин гурӯҳ на танҳо дар минтақа, балки дар миқёси ҷаҳон низ хатари содир кардани ҳамлаҳои террористиро доранд.  Ёдовар шудан зарур аст, ки баъд аз шикаст хурдани Давлати исломии Ироқу Шом(ДИИШ)  ва Ал –Қоида дар кишварҳои Сирия ва Ироқ ҷонибдорони онҳо бо истифодаи манфиатҳои геополитикӣ бештарашон дар кишвари ҳамсояи мо- Афғонистон маскан гирифтаанд. Тибқи таҳлилу пешбиниҳо, чунин вазъият дар минтақа ва кишварҳои алоҳидаи дунё дар оянда идома ёфта, ҳузур ва фаъолияти ДИИШ ва Ал-Қоида густариш меёбад. Бояд ба ин нукта диққат дода шавад, ки бетарафии дигарбораи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба моҷарои Афғонистон ва манфиатҷӯйии кишварҳои алоҳида дар ин сарзамин метавонад оқибатҳои фоҷиаборе дар пай дошта бошад. Ё ба таъкиди Сарвари кишвари мо: «Бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вазъи кунунии Афғонистон метавонад на танҳо ба ҷанги тулонии шаҳрвандӣ дар ин кишвар, балки ба рӯйдодҳои фоҷиабори аз ҷиҳати миқёс баробар бо ҳамлаҳои террористии соли 2001 оварда расонад». Баробари ин қайд кардан зарур аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад”, ки санаи 18 октябри соли равон дар Душанбе доир гардид, хеле бамаврид таъкид намуданд: Имрӯзҳо мо мушоҳида мекунем, ки террористону ифротгароён аз институти “гуреза” ва “паноҳҷӯянда” хуб истифода карда, аз боварии кишварҳои бештар тараққикарда сӯйистифода менамоянд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар ҷудо аз терроризму ифротгароӣ баррасӣ карда шуда, ба шахсони барои содир кардани амалу кирдорҳои террористӣ ҷалбшуда ва айбдор донисташуда паноҳгоҳ дода нашавад ва чунин ашхос сари вақт боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.Таъмини боэътимоди амнияти сарҳад барои ҷилавгирӣ аз таҳдиди террористону ифротгароён тавассути сарҳадҳои хушкӣ, ҳавоӣ ва баҳрӣ аҳаммияти фавқулода муҳим дорад.Таъкид бояд кард, ки роҳандозии муборизаи самаранок бар зидди падидаҳои харобиовари муосир андешидани чораҳои дастаҷамъиро тақозо мекунад.

           Дар фарҷоми андешаи хеш хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Бинобар ин  кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин падидаҳои харобиовари аср аст.

                                                                                                          А. ВАЛИЕВ ,

ассистенти кафедраи

иқтисодиёт ва соҳибкорӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *