ТТЭ ҲНИ- ҲИЗБИ БАДСИРИШТ

 

                   

      Мусаллам аст, ки баъди шикасти шармандавор ва рӯи об баромадани ҳақиқатҳо роҳбарияту аъзоёни  ҲНИ, ки ба хориҷа фирор карда бо охундҳояш якҷо шуд ва номи худро ба Паймони миллӣ (ПМ) ном гузошт. Аслан ПМ ҳамон ҲНИ аст, имрӯз ҳамагон онро бо номи ТТЭ ҲНИ-ПМ мешиносанд.

        Имрузҳо роҳбарияту ҳаммаслаконва думравони ТТЭ ҲНИ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаҳои ифротиашон зери шиорҳои динӣ бо навбат  баромад намуда, аз номи дини мубини Ислом  ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.

         Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки  ҳадафи роҳбари  ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ин курсии болоӣ аст. Ҳоло мардуми мо ҳақиқатро аз фанду фиреб фарқ карда метавонанд ва душманони миллатро мешиносанд. М.Кабирӣ  ва Муҳаммадиқболи Садриддин худро ин қадар миллатдӯст ва пуштибони муҳоҷирон мешуморад,  аммо ин суханҳо танҳо сухани пуч асту халос ва ҳеҷ як далелу исбот надорад. Муҳоҷирон ва бахусус ҷавонон, умуман ҳама бояд бидонанд, ки Кабирӣ ва пайравони ӯ бо эҳсосоти онҳо бозӣ доранд.Таъкидан ба Кабирию Муҳаммадиқбол, гуфтанием, ки шумо- хоинои миллат дар ҳар куҷое бошед дар миллати  куҳанбунёди тоҷикон санги маломат мезанед ва лекин барои пешравии давлат ба мисли мӯрчае хизмат накардаед! Бухлу ҳасад дар вуҷуди шумо ҳаст ва мемонад.

         Вақт довар асту таърих гувоҳ мардуми бонангу номуси шарифи Тољикистон бо гузашти айём ва табодули таљриба рӯз аз рӯз аз моҳияти ТТЭ ҲНИ- ҳизби бадсиришт огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурӯш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст . Мардуми кишвари озоду ободи мо имрӯз аз он ифтихор доранд, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ соҳиби давлати миллӣ ва рамзҳои давлатӣ гардиданд. Ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлоли кишвар, ки соли равон 30 –юмин солгарди Иҷлосияи таърихии ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  дар сатҳи баланд таҷлил намудем ва  аз файзу самараи ин Иҷлосияи тақдирсоз ва Истиқлоли давлатӣ баҳравар гардида, рӯзгори худро осудаҳолона пеш бурда истодаем. Дар интиҳои андешаи хеш бори дигар иброз медорем, ки имрӯзу ҳамавақт амалҳои иғвоангезонаву дасисабозиҳои ТТЭ ҲНИ – ҳизби бадтинатро шадидан маҳкум менамоем!

 

К. КАЛОНОВ, 

сармутахассис оид ба

сомонаи ДИС ДДТТ

 

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *