ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ДИС ДДТТ, НОМЗАДИ ИЛМИ ИҚТИСОД, ДОТСЕНТ ҲОШИМЗОДА ҲОМИД ҲАСАН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун, дар ин рӯзҳои хуҷаставу фархунда Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Шумо аҳли ҷомеаи меҳнатии донишкада, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёну кормандон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сарбаландию сарфарозӣ ва барору комёбиҳо таманно менамоям.
Яке аз нишонаҳое, ки мамлакат ва миллатро муаррифӣ мекунад, ин Парчам мебошад. Парчамро рамзи асосии кишвар дар тамоми дунё медонанд. Хусусан, барои миллати тоҷик Парчами давлатӣ воситаи ифтихор ва худшиносии ҳар як шаҳрванд аст.
24-уми ноябр дар раванди дигаргуниҳои кулли дар ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвар Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд. Эълон шудани Рӯзи Парчами Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш ва баргузории он дар замири ҳар фарди ватандӯст ва сокинони Тоҷикистони азиз эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд менамояд.
Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ барои тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, Ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад».
Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтироми Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузори ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон рисолаи таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаҳои шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Парчамбардорӣ ва парчамдорӣ ифтихори ҳар як ватандор аст. Парафшонии Парчам аз фатҳу қуллаҳои баланд ва ғалабаи мо тоҷикон дар ҳамаи соҳаҳо шаҳодат медиҳад ва ҳамчунин нишонаи сулҳу ваҳдат ва осоиш дар кишвари Тоҷикистон аст.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатиро ба ҳамаи Шумо – устодон ва донишҷӯёни гиромиқадр самимона табрику таҳният гуфта, бароятон осмони софу беғубор, саодати зиндагӣ ва сарбаландию сарфарозиҳо таманно менамоям.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *