Имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, мутаассифона равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа ва дар маҷмуъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Чунончи, яке аз чунин зуҳуроти номатлуб – терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Гарчанде падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ касб карда, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо карда, то имруз ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки танҳо дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоиштаи сайёра қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Бахусус, бештар ҳалокати қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад. Дар робита ба ин, бояд қайд кард, ки созмону ҳаракат ва гурӯҳҳову равияҳои зерин, аз қабили ташкилоти террористӣ-экстремистии «Давлати исломии Ироқу Шом»(ДИИШ) ва «Давлати «Давлати исломӣ»-вилояти Хуросон (ИГ-Хорасан), “Ал-Қоида”, Боко-Ҳарам, “Аль-Нусра”, “Аль Шабаб”, “Хизбут-Тахрир аль-Ислами”, “Техрик-е Талибан Пакистан (урду تحریک طالبان پاکستان, )- Ҳаракати Покистон ва амсоли инҳо аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Мо интихобан, вобаста ба фаъолияти муғризонаи ДИИШ ибрози андеша менамоем. Бояд қайд кард, ки имрӯзҳо ҷангҷӯёни ДИИШ, ки дар Сурияву Ироқ истифода аз аслиҳаву маводи тарканда ва усулҳои ҷангро омӯхта буданд, на танҳо дар қаламрави Афғонистон инчунин дар дигар кишварҳо ба амсоли Туркия ва Эрон низ фаъолияти пинҳониро ба роҳ монда, солҳои охир бо ҳар роҳ шаҳрвандон, аз ҷумла ду сол қабл ҷавонони кишвари Осиёи Марказиро гумроҳ намуда, амалҳои террористиро анҷом доданашон ба қайд гирифта шудааст. Чунончи тибқи расонаи хабарӣ бо номи “Sabah”-и кишвари Туркия, моҳи январи соли 2023, ду нафар шаҳрванди Осиёи Марказӣ ( аз номбар намудани шаҳрванди кишвар худдорӣ менамоем ) бо аъзоёни ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия пешгирӣ ва дастгир карда шуданд. Мисоли дигар, тибқи хабаргузории “Мизон“, марбут ба додгоҳи Эрон як шаҳрванди кишвари Осиёи Марказӣ тавасссути шабакаҳои иҷтимоӣ ба ДИИШ пайваста, пас аз хатми тамриноти низомии урудгоҳи ДИИШ дар Афғонистон, вориди Эрон шуда, дар паҳлуи мазори “Шоҳ Чароғ” зиндагӣ кардааст ва лақаби “Салмон Асламёр”-ро гирифтааст. Баъдан, афроди роҳгумзада, тибқи дастури мубаллиғони ДИИШ 13 августи соли 2023 мазори “Шоҳ Чароғ” -ро оташ зада, бо автомат ба зоирон тир холӣ намудааст, ки дар натиҷа ду нафар ба ҳалокат расида, ҳафт нафар захмӣ шудаанд.

Аз маълумот хулосабарорӣ намуда бояд қайд кард,ки дар ин самт аз ҷониби макомотҳои дахлдори Тоҷикистон, аз чумла Вазорати корҳои дохилии кишвар, баҳри пекшгирӣ намудани ин ҳолати падидаи номатлуб то имруз корҳои назаррас ба анчом расонида шудаанд. Масалан танҳо дар соли 2023 тибки маълумоти “Sputnik”Точикистон (аз15 феврали соли 2023, зимни нишасти матбуотӣ, вазири умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода иттилоъ додааст) дар давоми соли зикршуда 365 узви ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ дар қаламрави кишвар боздошт гардидаанд. Аз ҷумла, 24 ҳолати маблағгузории терроризм ба қайд гирифта шуда, дар баробари ин, 31 амали террористӣ пешгирӣ карда шудаанд. Баробари ин, бояд зикр кард, ки баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар кишварамон қонунҳо ва кодекс қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки тибқи Фасли VIII, Боби 21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобли амнияти ҷамъитӣ аз моддаҳои 179 то 180 пешбинӣ менамояд. Дар асоси моддаи 179 Кодекси мазкур мафҳуми “терроризм”-яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кидор, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад,агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти далатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад.

Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мақсадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист”. Чунин ҳаракатҳо аз ҷониби раҳбарияту ҳаммаслак,думравони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли…”дар асл ТТЭ ҲНИ ва ҳаракати сиёсии мамнуъгардида дар кишвар- Гуруҳи24, умуман наҳзату навнаҳзат ба назар мерасанд, ки алҳол дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ намуда, камбудиҳои ночизи кишвари азизамонро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дода, бо ин васила ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт менамоянд.Ин ташкилотҳо воқеан,аз қабили ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.

Ҳадафи масъалаи матраҳгардида он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тољикистон бояд рисолати ўҳдадории хешро пеша карда, қабл аз ҳама имрўз љавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоишта, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳҳои иѓвопеша ва ба суханҳои шахсони мутаассибу бегонапараст фирефта нагарданд. Имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Хулоса, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, бояд ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ доранд, чун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ мубориза баранд.
Ф.МАМАДҶОНОВ ,
устоди ДИС ДДТТ
