Пӯшида нест, ки имрузҳо пайравони наҳзату навнаҳзат бештар дар шабакаҳои интернетӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube ва амсоли инҳо баромадҳои пасту бардурӯғи иғвогаронаро пешаи худ намудаанд. Зимни баромадҳояшон нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва давлату миллат тухми кинаву адоватро мекоранд. Масалан, дар давоми соли равон, яке аз пайрави фаъоли худсохтаи наҳзат Муҳаммадиқболи Садриддин ва навнаҳзат Муҳаммад Тағоев, имрузҳо аз Аврупо истода, тавассути канали YouTube ,сомонаи “Ислоҳ. нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир”баромади ифротӣ намуда, аз сиёсатҳои носанҷида ва кӯшиши бефоида ва дахолати муғризона ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санги маломат бар болои миллат мезананд. Аммо, боре нашуда , ки гиребони худро бӯ кардаву амалҳои худро дар тарозуи воқеият баркашида, ба хулосае оянд, ки чӣ коре барои ҷомеаи Тоҷикистон ва чӣ барои миллат кардаанд. Вақт довар аст, ки чунин гуруҳаки ифротӣ ҳеҷ гоҳ ба манфиати халқу Ватан кор накарда, баръакс ба нафъи худ кор мекунанд. Воқеан, М. Садриддин ва М.Тағоев бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ буда, дар қалбашон ҳеҷ ғурури миллӣ мавҷуд нест, барояшон ҳеҷ арзише ба ҷуз иҷрои дастури сармоягузоронаш вуҷуд надорад. Ба М.Садриддину думравонаш ва умуман ба наҳзату навнаҳсати иғвогару хиёнаткор такрор ба такрор гуфтанием, ки аз хотир набароранд ва дониста бошанд, кулли мардуми кишвар нисбати бадхоҳони миллат ба худ хулосаи зарурӣ баровардаанд ва баромадҳои ифротиашонро имрузу минбаъд низ маҳкум менамоянд.

Хулоса, таърихи талхи начандон дури кишварамон моро водор месозад, ки сари ҳар гуфтору рафтори наҳзату навнаҳзат андеша кунем. Мо бояд пеш аз ҳама ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки бадхоҳону хиёнаткори миллат дар барномаҳои ифротиашон нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухани қабеҳ гӯянд. Имрўз ҳар фарди кишвар бо ҳисси баланди ифтихор аз Ватану ватандорӣ намуда, баромадҳои наҳзату навнаҳзатиҳоро сахт маломат намуда, онро шадидан маҳкум менамоянд. Илова бар ин, аз мардуми сарбаланди кишвар, даъват ба амал меорем, ки ҳушёру зирак бошанд, ба қадри сулҳу ваҳдат расанд ва нагузоранд, ки кишвари азизамон бо дасисаи бадхоҳони миллат ба гирдоби ҷангу ҷилолҳо кашида шавад. Намегузорем, ки пои нохалафе марзу буми кишвари моро убур намуда, амну суботи кишвари моро халал ворид намояд.

А.ВАЛИЕВ ,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
