ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ УМУМИБАШАРӢ

Имрӯз зуҳуроти терроризм ва эктсремизм аз он шаҳодат медиҳанд, ки дасти терроризм бо ҳар роҳу восита аз лонааш ба минтақаҳои дурдаст расида, мехоҳад амалҳои касифу нобахшиданӣ ва бераҳмонаву ҷоҳилонаро анҷом диҳад. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоишта, алалхусус занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мешавад. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо метавонем яке аз кишварҳо Афғонистонро ва мисол меорем. Тибқи расонаҳои хабарӣ дар ин кишвар имрӯз тақрибан 20 гурӯҳи террористӣ фаъолият мекунанд ва бархе аз онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои нопокашон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омодаанд. Дар Афғонистон ҳокимиятро ҳаракати «Толибон», яъне ҳаракате, ки онро аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намудааст, ҳокимиятро ба даст гирифта, вазъи ин кишварро душвору пурҳассос кардааст. Ин ҳолат бори дигар исбот менамояд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки бо гуфти Сарвари кишварамон террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёху гаразноки сиёсӣ содир карда мешавад.
Нагирифтани пеши роҳи ин хатари умумибашарӣ метавонад боз ҳазорҳо мардуми осоиштаро аз ҳаёт маҳрум созад, зеро дар қалбу вуҷуди онҳое, ки чунин зулму ситам ва афкору андешаи ҷоҳилона ҷой гирифтааст, ба ҷуз бадбахтӣ ва маҳрумият овардан дигар андешаи солиме ҷой надорад. Ягона роҳи ҳалли ин масъала ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба мақомоти қудратӣ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мебошад, то суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани хеш зиндагии осоишта ба сар барад.
Дар робита ба ин тӯли даҳсолаҳои охир, ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид як қатор ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии универсалӣ таҳия намудааст, ки шумори онҳо беш аз 13 конвенсия ва якчанд протоколҳои иловагӣ, инчунин як қатор қатъномаҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар бораи терроризм ва мубориза зидди ин падидаи манфурро дар бар мегиранд.Баробари ин бояд қайд кард, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Аз ҷониби Асосгузори сулуҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21 апрели соли 1997 Фармон «Оид ба чораҳои пурзӯри мубориза бар зидди терроризм» қабул карда шудааст. Аз ҷониби Маҷлиси Олӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо терроризм чунин қонунҳо қабул гардидааст: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм». Инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси ҷиноятӣ амал мекунад, ки он ба стандартҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ буда, мубориза бар зидди терроризмро таъмин менамояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бар зидди терроризм дар кишвар маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, № 1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.Дар соли 2021 Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.
Аз таҳлили қонунҳои зикршуда ва дигар ҳуҷҷатҳои сатҳи байналмилалӣ қабулшуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишварамон воқеан заминаи ҷиддии ҳуқуқиро барои мубориза бо терроризми байналмилалӣ фароҳам оварда шудааст. Бинобар ин имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин даҳшат ва бераҳмӣ гирифта шавад.
Дар интиҳои андешаи хеш хулосабарорӣ намуда қайд менамоем,ки кулли қувваҳои солими сайёраро имрӯз зарур аст, ки барои мубориза ба муқобили ҳама гуна амалҳои террористӣ дастҷамъ бошанд. Фароҳам овардани фазои эътимод, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё ба муқобили терроризм ва экстремизм шарти муҳими муборизаи босамар бо ин вабои аср аст.

МАМАДОВА А. С.,
ассистенти кафедраи
иқтисодиёти ҷаҳон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *