КОРИ БАД ПУШАЙМОНӢ МЕОВАРАД!

Перомуни муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати (МИҲД)-и шаҳри Хоруғ ва муроҷиатномаи навбатӣ аз ҷониби Аловатшоев Амриддин санаи 13 феврали соли равон оид ба қазияи саркардагони гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки тавассути барномаи маҳаллии Бадахшон ва шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш дода шуда, моро ба канор гузошта наметавонад ва доир он андеша менамоем.
Аз муҳтавои муроҷиатномаи Аловатшоев А. кас пай мебарад, ки қаблан ӯ ба иғвою фитна ва дасисабозии гурӯҳи муташаккили ҷинояткори ВМКБ ба дом афтода, дар якҷоягӣ бо ҷинояткорон ҷиноят содир намудааст. Тибқи расонаҳои хабарӣ ва муроҷиатномаи МИҲД-и шаҳри Хоруғ маълум аст, ки гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ ва ҳаммаслаконаш асосан бо роҳи зӯроварӣ ва тарс аз ҳисоби дигарон зиндагии худро пеш мебурданд. Яке аз роҳҳои асосии пул кор кардани онҳо ин савдо ва фурӯши маводи мухаддир буд, ки имрӯз яке аз ҳама ҷинояти вазнин мебошад. Бинобар ин набояд дасисаву найрангҳои ҷинояткори муташакккил ҳимоят шавад. Аз ин нигоҳ ба андешаи мо Амриддин гуфтори ниёгонамон: “кори бад пушаймонӣ меоварад”-ро амиқан дарк намуда, ба худ хулоса баровардааст ва худ имруз пушаймон асту аз шахсони алоҳидаи иблиссифат ва ҷинояткор, бахусус аз Мухаммадбокир хоҳиш дорад, ки роҳи дурустро интихоб намояд. Аз рафтору гуфтори Аловатшоев А. ҷинояткорон бояд ибрат гиранд. Ҳоло дер нашудааст!
Бо дарназардошти масоили матраҳгардида, инчунин як масъалаи мубрами рузро қайд кардан зарур аст. Пӯшида нест, ки мутаассифона, то ҳол гурӯҳу созмонҳои дохиливу хориҷие ҳастанд, ки масъалаи пурзӯршавии фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқро нодуруст шарҳ дода, мехоҳанд байни мардум ва ҳокимият як навъ ҳисси нобовариро ба вуҷуд оранд. Чунончи “номаи боз”-и Зафари Суфӣ, рузноманигори фирорӣ, ки имруз дар кишвари Аврупо-Франсия қарор дорад, мисол меорем, ки ин ноогоҳи бадхоҳи миллат, аз воқеаияти ҳол бехабар ҷинояткор Муҳаммадбокирро пуштибонӣ дорад. Умуман амсоли ин афрод ба ҳар воситаю баҳона мехоҳанд ба пешравии кишвар монеа эҷод намуда, обрӯву эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ раст намоянд. Имрӯз вазъи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ба ҳамагон равшан аст. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар минтақаи сарҳади давлати Афғонистон қарор дорад ва он яке аз минтақаи ҳассосу ноором ба ҳисоб меравад, ки бо омадани ҳаракати “Толибон” ба сари қудрат хатари боз ҳама бештар гардид. Масъалаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳам фаъолияти ҳизбу созмонҳои террористӣ мавзӯъҳои хавфнок ба ҳисоб рафта, давлат пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, муқобили он муборизаи худро пурзӯр намояд. Зеро таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи суботи сиёсӣ вазифаи асосии давлат ба ҳисоб меравад. Бетарфӣ нисбати ин масъалаҳо ва бедиққатӣ метавонад ба якпорчагии давлат хатар эҷод намояд. Аз ин рӯ тарзи корбарии мақомтҳои қудратӣ дуруст баҳо дода шуда, онро ҳамчун роҳи ҳифзи суботу оромии ҷомеа маънидод карда шавад.
Набояд фаромӯш кард, ки эътирозҳо дар майдони “Шаҳидон”, ҳаракату ҳизбҳо, аз ҷумла Ҳизби наҳзати ислом, Растохез, Лаъли Бадахшон ва ғайраҳо , ки ба чӣ гуна кулфатҳо мардуми моро рӯ ба рӯ намуда буд. Баробари ин мо аз хотир набарорем, ки пешрафту ободии кишвар танҳо дар ҳолатии оромӣ, ягонагии ҷомеа, ваҳдати саросарӣ ва ҳифзи якпорчагии он имконпазир аст. Ҳамагон хуб медонем, ки сол аз сол шароити иҷтимоии мардум беҳтар шуда истодааст. Корҳои ободониву созандагӣ бо суръат идома дорад. Боварии комил дорем, ки дар ҳолати тиниҷиву оромӣ ва ягонагии ҷомеа дар соли таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ мардуми кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд ва шароити сокинони ҷумҳурӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Ин замимае мегардад, ки мо ҳама мардуми кишвар 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намоем. Имрӯз ягона вазифаи муҳими мо шаҳрвандон ба дасисву фитнаҳои бегонагон дода нашудан ва пайваста саҳм гузоштан дар ободиву созандагии кишвар мебошад.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *