МУБОРИЗАИ БЕАМОН АЛАЙҲИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Омӯзиши манбаъҳои иттилоотии экстремистон, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ва Гуруҳи – 24 ба хулосае меорад, ки дар аввали фаъолияташ бо рафтору кирдорҳои номатлубаш на он қадар диққати мардумро ҷалб менамуданд ва алҳол бошад роҳбарияту ҳаммаслакконаш тавассути шабакаҳои ичтимоӣ баромадҳои ифротӣ намуда, кӯшиш намуда истодаанд, ки бо ҳар восита бо чашми ғараз бар аҳли башар аз рушду пешрафти Тоҷикистон шикоят карда, бо ин васила маблағҳои бедардимиён ба даст оваранд. Имрӯзҳо М.Кабирӣ ва думраваш Б. Тағойзода дар ошёни хоҷагони хориҷиашон лона гузошта, аз он тӯтивор бар зидди Ватану миллат ва кишвари аҷдодиву бобоии худ санги маломат мезананд
Тули солҳои охир мушоҳида мешавад, ки афроде ба ташкилоти террористию ифротгароён ба мисоли Ал-Қоида, ДИИШ шомил шудааст, оқибат тақдири ояндааш месӯзад , яъне асосан паси панҷара мешавад. Масалан танҳо дар шаш моҳи соли 2021 бо гумони террористиву ифротгаро 10 нафар ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ , 26 нафар аъзоёни ДИИШ ва 3 нафар аъзои Ал- Қоида ва инчунин дигар равиҳои ифротӣ низ дастгир карда шудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои Вазорати корҳои дохилии кишвар 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Ин далелу тасдиқ ва рақамҳои оморӣ, умуман гаравидан ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва террористӣ, водор месозад, ки бар зидди ин хатари умумибашарӣ ҷораҳои таъхирнопазир андешидан тақозои замон аст. Муборизаи беамон алайҳи зуҳуроти номатлуб на танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин тамоми ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд дар ин ҷода фаъол ва ҳамарӯза дар таҳкиму пойдории сулҳу ваҳдати миллати кишвар саҳмгузор бошанд.

Ф. МАХКАМОВА ,
ассистенти
кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *