ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАТАРИ САРТОСАРИИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҳаёти воқеӣ нишон медиҳад,ки терроризм ба амнияти ҷомеа, ба таври муътадил фаъолият намудани мақомоти ҳокимият ва иҳроия, инчунин, ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон хавфу хатари ҷиддӣ эҷод менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, то ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки бо мақсади таъмини ҳифзи амният, шаҳрвандони он ва дигар шахсони дар қаламрави он қарордошта, аз таҳдиди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, барҳам додани таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ дар қаламрави кишвар, ошкор намудан, аз байн бурдан ва пешгирии сабаб ва шароитҳое, ки боиси ба миён омадан ва паҳн шудани терроризм ва ифротгароӣ мегарданд, инчунин рафъи оқибатҳои ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, равона гардидаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” (соли 2020), фармони Президенти Ҷумурии Тоҷикистон Дар бораи тадбирҳои пурзӯр кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, №707, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 тасдиқ гардидааст, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст, Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ҳамин тариқ, дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад. Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.

ҚОДИРОВА Ш.Н.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *