ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲУ СУБОТИ ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ САҲМГУЗОР БОШЕМ!

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.
Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳову равияҳои зерин, аз қабили ДИИШ, Ал-Қоида, Ҳизб-ут-Таҳрир”, Боко-Ҳарам ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад. Масалан ДИИШ ва Ал-Қоида ва дигар равияҳои ифротӣ аз вазъияти кунунии Афғонистон истифорда бурда, имрӯ фаъолияти ошкоро дошта, афзои ин кишварро мураккабтар намудаанд. Умуман ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда, онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан, онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ин ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд. Дар робита ба ин баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар кишварамон қонунҳо ва кодекс қабул гардида, мавриди амал қарор доранд. Чунончӣ тибқи Фасли 8, Боби 21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳо ба муқобли амнияти ҷамъитӣ аз моддаҳои 179 то 180 пешбинӣ менамояд. Дар асоси моддаи 179 Кодекси мазкур мафҳуми “терроризм”-яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпарронӣ аз силоҳи оташфишон ё дигар кидор, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад,агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳокимияти далатӣ ва сохторҳои низомӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо фаҳмида мешавад.
Дар тафсири Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, мақсадҳои терроризм чунин шарҳ дода шудааст: “Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидаи одамон, ба воҳима ва таҳлука овардани аҳолӣ буда, тавассути он фишор овардан ба мақомоти давлатист”. Чунин ҳаракатҳо аз ҷониби роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва думраваш Гуруҳи-24 ба назар мерасанд, ки алҳол дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта ,тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ баромадҳои ифротӣ намуда, ба миллату давлат хиёнат менамоянд. Ин ташкилотҳо воқеан,аз қабили ниҳодҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд.
Роҳбарияту думравони ТТЭ ҲНИ дар барномаҳои ифротиашон зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.
Дар атрофи ин масоили мубрами рӯз то имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифи илмӣ як қатор сабабҳо ва омилҳои таъсирпазири пайдоиш ва зуҳӯри ин падидаҳои номатлуб (терроризм ва экстремизм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии фаъолияти аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд. Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байнидавлатӣ алоқаманд мешуморанд.
Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ва дар замири ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки маҳз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ ба ин роҳ шахсро водор месозад.
Ҳамзамон, муҳаққиқон зимни муайян намудани сабабу омилҳои таъсирпазири падидаҳои зикргардида, навъҳои гуногуни терроризм ва экстремизм, аз қабили терроризми сиёсӣ, динӣ, зиддиҷаҳонишавӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ, миллатгароӣ, ҷиноӣ, биологӣ, кибернетикӣ ва ғайраро муайян намудаанд, ки терроризму экстремизми диниро дар замони муосир аз ҳама беш хавфнок ва мушкилофар барои аҳли башар маънидод намудаанд. Ба ақидаи аксар олимон низ экстремизм дар дин бештар хусусияти ҷалбнамоиро созгор мебошад ва он дар тамоми гӯшаву канори олам ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавононро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд месазад ба ин афкори барғалати чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, аз барнамоӣ ва ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

Т.САЛИМОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *