ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ –ХАТАРҲОИ АВВАЛИНДАРАҶАИ ҶАҲОНИ МУОСИР

Имрӯз терроризм ва эктремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст. Бояд қайд кард, ки таҳмили ғояҳои тундгароёна ба афкори ҷавонон ва мавҷудияти ба истилоҳ «гурӯҳҳои хуфта»-и ифротиву террористии байналмилалӣ аз ҷумлаи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти кишвар маҳсуб меёбанд. Дар таблиғи ақидаҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкилотҳои махсуси хориҷӣ дар минтақаҳои гуногуни кураи замин манфиатдоранд ва ин андешаҳоро миёни ҷомеаи осоишта, алалхусус, ҷавонон таблиғ ва интишор менамоянд.
Терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст. Мутаассифона, айни замон вазъи марбут ба аъмоли террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ниҳодҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Терроризму ифротгароӣ на сарҳадро эътироф мекунаду на давлатро, ҳамин аст, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгарои тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада, дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезиву низоъҳои динӣ ва мазҳабӣ, нажодӣ ва ҳатто бархӯрди тамаддунҳоро барангехтаанд.
Дар робита ба ин, Сарвари кишварамон дар минбарҳои баланди байналмилалӣ ва инчунин, Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии кишвар суханронӣ намуда, терроризм ва экстремизмро маҳкум намуда, аз дину мазҳаб, ватан ва миллат надоштани он борҳо таъкид мекунанд.
Имруз Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва эктремизмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт баромад мекунад. Бешак мақсадҳои муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, тамомияти арзии давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ иборат мебошанд. Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қисми таркибии таъмини амнияти на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи буҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иқтисодиёт, мавҷудияти муноқишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ (байни конфессияҳо), номукаммалии заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки проблемаҳои баҳсноки минтақавӣ ва байналмилалиро танзим менамояд, барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки вақтҳои охир хусусияти байналмилалӣ гирифтааст, бояд дар асоси тадбирҳои маҷмӯии умумидавлатии муқовимат анҷом дода шавад.
Хулоса, дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди оддӣ то корманди мақомоти давлатӣ, аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакилони мардумӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими Ваҳдати миллӣ мебошад. Мардуми кишварро мебояд ба овозаҳои бардуруғи шабакаҳои иҷтимоӣ, ки мақсади пиёда намудани ғаразҳои сиёсии баъзе давлатҳои абарқудратро доранд, дода нашуда, дар атрофи Пешвои миллат барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиву иҷтимоии давлати хеш ҳамеша дар талош бошанд. Воқеан, Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Дар омади гап табиат аз чанд имтиҳон мегузарад, имтиҳонҳои сахту шадид. Одамизод ҳам ба мисли табиат аст, бояд имтиҳонҳои зиёди зиндагиро паси сар кунад ва аз баландиву пастӣ, бурду бохт, муроду номуроди, шодиву ғами зиндагӣ руҳафтода нашуда, роҳи худро ба суи мақсад пайгирона идома диҳад. Шиори миллати тоҷик ҳамеша сулҳу осоиш дар дунё ва хайрхоҳиву некбинӣ ба ҳама қавму миллатҳо будааст. Мо бояд аз миллати баруманди хеш ифтихор намуда, барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад!

М. МАМАДҶОНОВА,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *