Мо кормандони шуъба аз гузашти таърих ёдовар гардида, қайд менамоем, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузаронида, бо хислатҳои накӯ, тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳон мавқею манзалати хешро по бар ҷо нигоҳ медорад. Хушбахтона ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Вале, имрузҳо душманони дохилию хориҷии миллати мо аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳанбунёдро бадном созанд. Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари кишварамон аз гуноҳи онҳо гузашт карданд ва то ҳатто солҳои 90-уми асри гузашта 30 фоизи ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин карда шуд. Ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда, роҳбарони наҳзати,ки имруз бо паймони худсохта бо номи “Паймони милли..” то ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз кишварҳои дуру наздик тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари давлату миллат санги маломат мерезанд. Тӯдаи кўрнамакон – яъне аз роҳбари наҳзатӣ Муҳиддин .Кабирӣ, ҳаммаслакаш Муҳамадиқболи Садридин ва як қатор шогирдону пайравонаш, бахусус Ашӯров Ҳусейн, Восиев Абдухалил набояд фаромӯш кунанд, ки баромадҳои солҳои қаблӣ ва моҳҳои охири соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сомонаи “Ислоҳ.нет” дар барномаҳои “Минбари муҳоҷир”, ”Дурахши ҳақ”, “Ҳақ ва ботил”, ки бо фитнаю иғвогарӣ даъват ба гирдиҳамоӣ менамоянд дигар рӯҳияи озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста наметавонанд. Умуман, ҳама гуна даъвоҳои фирориёни ин ҳизбу гурўҳи мазкур дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Хушбахтона, тӯдаи кӯрнамакони миллат ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд. Бояд ёдовар шуд, ки ҳодисаҳои нангини солҳои 90- уми асри гузашта аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд.
Дар интиҳои изҳороти хеш хулоса намуда,қайд менамоем,ки имрўз мардуми кишвар то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек, моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад бурд!