

Мусаллам аст, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ барои тамоми инсонҳо ҳаққи сухан гуфтан, навиштан ва имконияти васеи паҳн кардани андешаву дидгоҳи худ ва дигаронро додааст. Яке аз мушкилиҳое, ки фазои маҷозии кишварамон дорад, ин гардиш ва ё паҳн кардани суханрониҳои мубаллиғони динии ифротӣ мебошад.Чунончи ровии барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” Муҳаммадиқболи Садриддин, аъзои фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..”мебошад, солҳои қаблӣ ва имрузҳо низ бо ҷалби ҷавонони роҳгумзада, яъне шогирдонаш тавассути сомонаи “Ислоҳ. нет” бо суханҳои дорои мазмуну хусусияти экстремистӣ- террористӣ баромад менамояд, ки бештарашон берун аз қаламрави Тоҷикистон қарор доранд.Баромадҳои М.Садриддин барои ифроткунонии тафаккури динӣ ва заминагузорӣ барои зиддият мусоидат менамоянд. Бояд қайд кард, ки бархе шаҳрвандон дониста баромади онҳоро паҳн мекунанд, як қисми зиёди корбарони сомонаҳои иҷтимоӣ мазмуну моҳияти онҳоро дарк накарда, ба ин кор машғуланд. Ин гурӯҳаки наҳзатиҳо, ки маводҳои ифротиро паҳн менамоянд, сабабгори аслии барангехтани кинаву адовати миллӣ ва ё динӣ мегарданд. Ҳарчанд чеҳраҳои палидони ватанфурӯш – Муҳаммадиқболи Садридин ва шогирдону пайравонаш, алалхусу Абдухалил Восеев, Муҳаммад Тағоев ва Ҳусейн Ашӯров барои мардум ҳамчун хоин шинос аст, аммо боз пайдо мешаванд нафароне, ки суханҳои бемазмуну аблаҳонаи дониставу надониста паҳн менамоянд ва бо ин амалашон худро ба кӯчаи ҷиноят мебаранд. Аз ин рӯ, ҷавонони имрӯзаро зарур аст, ки моҳияти ин суханҳоро хуб дарк карда тавонанд ва бар зидди ин гуна иғвоангезиҳои беасосу бемаврид дар шабакаи ҷаҳонии интернет мубориза баранд. Набояд фаромӯш кард, ки дар шабакаҳои интернетӣ гуфтору наворҳои хашину тахрибию ифротӣ кам нестанд, Қишрҳои осебпазири ҷомеа чун ба саҳифаҳои интернет ворид мешаванд, маводро мутолиа мекунанду ноогоҳона ба иғво дода мешаванд. Бояд хотиррасон кард, ки дар сурати паҳн намудани чунин мавод ин амал боиси поймол намудани моддаҳои 1, 8, 14, 18 ва 26 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди татбиқи қонунҳои дигари амалкунанда дар бораи пешгирӣ ва мубориза бо паҳн кардани ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардад. Бинобар ин, ҷавонон бояд бидонанд, ки тасдиқ ва паҳн намудани маводи ин тоифа ва ба ҳамин монанд дар фазои маҷозии Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб меравад..
Хулоса, дар чунин вазъият набояд бетафовутӣ зоҳир кард. Вақти он аст, ки аҳли қалам, зиёиён, намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, собиқадорони кордидаву таҷрибаи ҳаётандӯхта дар сомонаҳои интернетӣ маводу навору таҳлилу андешаҳои арзишманди ватанпарваронаи худро ҷой диҳанд, яъне дар фазои маҷозӣ «контенти мусбат» офаранд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳо, мақолаҳо, мавқеъгириҳо, вокунишҳо, маводи ташвиқотию арзишсоз, савтию тасвирии ватандӯстонаро бояд ба таври васеъ ҷой дод. Зарур аст, ки ба хотири таъмини пешрафти зиндагӣ, ҳифзи сулҳу суботи комил дар фазои маҷозӣ сангардор ва муҳофизи Ватани азизамон бошем.
Д.ШАРИПОВ,
устоди ДИС ДДТТ