Имрӯзҳо гуруҳҳои мухолифин бо ном “Паймони миллӣ”(ПМ) , ки онро мо бо номи ТТЭ ҲНИ-ПМ мешиносем ва думраваш “Гуруҳи 24”, ҳамчун ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта мешаванд бо ҳар роҳу усул мехоҳанд оромӣ ва сулҳу суботро дар кишвар халалдор намуда, бетартибиҳоро ба вуҷуд оваранд.
Роҳбари ТТЭ ҲНИ-ПМ М.Кабирӣ бо думраваш Беҳрӯз Тағойзода яке аз фаъоли “Гуруҳи 24” мебошад, дар пойгоҳи хабариашон, бо навбат баромад намуда, мехоҳанд ба мафкураи ҷомеа таъсири манфӣ расонанд. Ин бадхоҳони миллат аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳанд. Вале, бадхоҳони миллат бехабаранд, ки мардуми солимақли кишвар шоҳиди он аст, ки фаъолияти душманонаи ТТЭ ҲНИ-ПМ ва “Гуруҳи 24” имрӯзҳо асосан дар мисоли пешбурди ҷанги иттилоотӣ, бо роҳи таъсиси сомонаҳову дигар васоити ахбори дасисабоз дар фазои иттилоотӣ мавриди ташвиқу тарғибро ба роҳ мондаанд. Пушида нест,ки дар кишварҳои Аврупо дар мадди аввал иқомат доштан, душвориҳо ба миён меояд ва он гаронбаҳо аст, агар пули бедарди миён ва ё пуштибонӣ дошта бошад. Барои бадхоҳони миллат,бошад маблағгузориву пуштибонии хоҷагони хориҷӣ аст, ки роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ПМ ва думраваш “Гуруҳи 24” боз ба майдони сиёсӣ ворид шавад. Аз рафтору гуфторҳои Кабирию Беҳруз андеша намуда, чунин хулоса менамоем, ки таҳлилҳои ноқис, бепоя ва шикастаи ин бадхоҳи миллат дар асл ниёз ба посухи илмӣ надорад. Танҳо шахси аз илми сиёсат ноогоҳ ва ё шахси душмани миллату давлат чунин пешниҳоду хулосабарорӣ мекунад. Хулоса ин ҷо дигар ба шарҳу тафсири масъала ҳоҷат нест ва дар фарҷоми андешаи хеш қайд менамоем, ки роҳбарияту аъзоёни ТТЭ ҲНИ, думраваш“Гуруҳи 24“ ва хоҷагони хориҷиашон фаромӯш кардаанд, ки халқи Тоҷикистон дигар ба макру фиреби як даста хоинҳои ватанфурӯш намефтанд ва онро доимо шадидан маҳкум менамоянд.Мо имруз баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи бадхоҳони мииллат муборизаи беамон мебарем ва барои оромиву суботи кишвар ва таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ саҳмгузор ҳастем!
М.АХМЕДОВ ,
устоди ДИС ДДТТ