ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ПАДИДАИ ИҶТИМОӢ-ПСИХОЛОГӢ

Мавзӯе, ки мо имрӯз оид ба масоили вазъи идеология ва психологияи ҷамъиятӣ андеша менамоем, ки он бешубҳа ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам амалияи муосири ҷомеасозӣ муҳим мебошад. Воқеан бисёр муаммоҳои ҷомеаи имрӯзаи тоҷикистонӣ маҳз ба сатҳи шуурноки аз вазъи идеология ва психологияи ҷамъиятӣ вобаста мебошад.Бояд қайд кард, ки баргузории чорабиниҳо, аз қабили конференсияи умумҷумҳуривӣ ва умуман мавриди баррасӣ қарор додани масоили мазкур имконият медиҳад, ки илми психология дар низоми илмҳои инсоншиносӣ ҷои сазовори худро дарёфт намуда, на фақат дар ташаккули инсони комил, балки дар амали намудани лоиҳаҳои бузурги ичтимоӣ-иқтисодӣ, ташаккул додани “психологияи саноатӣ”, дастрасӣ ва истифодаи бомақсади технологияҳои инноватсионӣ ҳиссагузор мегардад. Вобаста ба ин, боз як нуктаро таъкид намудан зарур аст, ки илми психология дар замони муосир дар таҳқиқи кулли муаммоҳои илмӣ новобаста ба тамоюлҳояшон ҳузур дошта, хислати байнифаннӣ ва ҳатто ҳамчун илми бунёдӣ ташаккул ва рушд меёбад. Яке аз мавзуҳои муҳиме, ки дар тадқиқи он психология ба таври фаъол ширкат варзида истодааст, ин вокуниши илмии мазмун ва моҳияти падидаҳои терроризм ва экстремизм ва роҳҳои халоси аз ин падидаҳои номатлуб мебошад. Мавзӯи мазкур дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва фарҳангҳо, вусъатёбии муборизаҳо баҳри манфиатҳои миллии давлатҳои абарқудрат, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси он гашт, ки ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ фаъол гашта, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фаъолияти низомҳои иҷтимоиву сиёсии мавҷударо халалдор намуда, сулҳу суботи ҷомеаро вайрон намоянд, аз дирӯза дида мубрамияти зиёд касб намудааст.
Муаммои терроризм ва экстремизм барои илмҳои инсоншиносӣ, аз ҷумла психологияи иҷтимоӣ, нав нест. Ин падидаҳои номатлуб дар таърихи инсоният решаҳои чуқур дорад, ки каме поёнтар дар бораи онҳо андешаҳои худро баён менамоем. Дар ин ҷо бошад ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки терроризм ва экстремизм падидаи иҷтимоию психологӣ мебошанд. Муҳақиқоне, ки мавзӯи мазкурро матраҳ намудаанд, асосан омилҳои зерин:
а) омилҳои иҷтимоӣ иқтисодӣ – сатҳи нокифояи некуаҳволӣ, бекорӣ, камбизоатӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ;
б) сатҳи пасти донишҳои дунявӣ ва динӣ;
в) омода набудани аҳолӣ, хосса қишри осебпазири ҷомеа – ҷавонон;
г) сатҳи пасти ҷаҳонбинии илмӣ;
д) аз лиҳози равонӣ омода набудани баъзе қишрҳои ҷомеа дар шароити гуногунии мафкуравӣ;
е) сатҳи нокифояи худшиносии миллӣ ва дигарҳоро нишон додаанд.
Бо ин муаллифон бояд розӣ шуд, зеро омилҳои дар боло зикргардида, дар симои маънавии одамон ҳисси ноумедӣ, маъюсӣ, бечорагӣ, нобоварӣ дигар ҳолатҳои стрессиро ба миён оварда, онҳоро сӯи амалҳои номутлуб тела медиҳанд.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки терроризм ва экстремизм ин падидаи иҷтимоиву психологӣ мебошад, зеро вай аз як тараф ба вазъияти ногувори ҳаёти иҷтимою иқтисодӣ вобаста бошад, аз тарафи дигар ин падида ба ҳолати руҳиву равони шахс марбут мебошад. «Аз нуктаи назари психологӣ, – қайд мекунад Ю М. Антонян, — омилҳои объективӣ инъикоси иҷтимоию психологии худро дар шуури индивидуалӣ ва гуруҳӣ дар шакли муносибат, стереотипҳо ва ҳолатҳои равонии ҳукмрон пайдо мекунанд. Ноустувории иҷтимоӣ боиси аз байн рафтани дурнамои зиндагӣ ва эътиқод ба оянда, пайдоиши ноумедӣ ва дар ин замина омодагӣ ба хушунат арзи вуҷуд менамояд. Ин андешаро пайгири намуда, зикр кардан ба маврид аст, ки ҳаққонияти ин нуктаро мисоли ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ, ки дар Тоҷикистон рух доданд дидем, яъне ҳолати аномиягӣ, халогӣ, аз даст рафтани қолабҳои мафкуравӣ ва ташаккул наёфтани арзишҳои нав, чи гуна ба руҳу равони одамон таъсири манфӣ расонид.
Ҳисси афзояндаи нооромиҳои иҷтимоӣ ва изтироби қисми зиёди аҳолӣ ва аз даст додани эътимод ба қобилияти давлат дар таъмини амнияти шаҳрвандон ҳамеша боиси «шикастани» қоидаҳо ва асосҳои қаблӣ, бидуни навсозиҳо ва алтернативаҳои муассир ё бӯҳронҳо ифода меёбад, ки табиати онҳо метавонанд гуногун бошанд. Дар ин замина, чун ќоида, аз байн рафтани арзишњои маънавї, фарњангї, ахлоќї, инсондўстї ба вуљуд меояд, ки он низ ба вазъи умумии љомеа ва давлат таъсири харобиовар мерасонад. Маҳз дар ҳамин ҳолатҳо гурӯҳҳои ба ном “ташаббускор” арзи вуҷуд ёфта, рафта-рафта амали онҳо характери террористиву экстремистӣ пайдо менамояд.
Олим-психолог В.Л. Васильев психологияи терроризм ва экстремизмро таҳлил намуда, бо мисолхои мушаххас таҷрибавӣ такя намуда, қайд мекунад: «Пайдо шудани террор аломати он буд, ки даврае сар шуд, ки аз зери пиллаи тамаддун ва пешрафти ҳаёти ҷамъиятӣ қадимтарин қабатҳои дар каъри рухи инсон пинҳоншуда пайдо шуданд. Идеологияи асосии терроризмро зуроварӣ, ҷабру зулм баҳри аз байн бурдани низоми мавҷуда ташкил медиҳад.
Омӯзиши таърихи пайдоиши терроризм ва экстремизм, нишон медиҳад, ки он дар тамаддуни инсони падидаи нав набудааст.Гарчанде имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи нави ҳаёти иҷтимоию сиёсии охири асри ХХ ва ибтидоӣ асри ХХI арзёбӣ мешавад, аммо омӯзиши таърихи ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ собит менамояд, ки дар ин ё он шакл вай ҳамеша пайгири ҳаёти инсонҳо будааст. Чунин иллатҳои рафтору кирдор ва ахлоқ ба мисли ҷабру зулм, зӯроварӣ, манфиатҷӯӣ, ҳисси бадбинӣ, ҳасуд, дурӯягӣ, ҳамахоҳӣ, ки имрӯз ба терроризм мансуб медонанд, ҳанӯз дар зинаҳои поёнии рушди ҷомеаҳо дар шаклу мазмуни дигар вуҷуд доштаанд. Масалан, дар давраи ҳукмронии муносибатҳои иҷтимоии қабилавӣ одамон ба якдигар ҳамла намуда, молу амволи ба дастовардаи якдигар ё ҳайвони ромкардаи дигаронро ғасб менамуданд. Дар ин ҷараён ҷабру зулм, зуроварӣ ва куштори одамони алоҳида, ҳатто қабилаҳо ба назар мерасад. Албатта ин падидаҳои зӯровариро баҳри ба дастовардани неъматҳои моддӣ шояд ба маънои томи имрӯзаи терроризм истифода бурдан ҷоиз набошад, вале вазъъи иҷтимоию психологие, ки дар натиҷаи чунин амалҳо ба миён меомаданд, аз имрӯза дида кам фарқ менамуданд.
Бояд таъкид намуд, ки дар тӯли чандин асрҳо терроризм аз лиҳози истифодаи олоти ғорат, ҷабру зулм хеле содда ва дар ҳудудҳои маҳдуд амал менамуд, аммо аз ибтидои асри ХVI баробари арзи вуҷуд намудани баҳрнавардӣ авҷ гирифта, дар шакли роҳзанҳои баҳри хислати ҷаҳонӣ касб намуд. Як нукта ҷолиб аст, ки мисли он, ки имрӯз абарқудратҳо гурӯҳҳои террористиро баҳри амалигардонии манфиатҳои худ истифода мебаранд, дар он давра низ давлат аз роҳзанҳои баҳри ҳамчун “қувваи сеюм” ба хотири мубориза бар зидди рақибони худ, ба даст даровардани роҳҳои баҳрии савдои байни давлатҳо истифода мебурданд. Бешубҳа роҳзанҳои манфиатҳои моддии худро доштанд, онҳо ба ивази пардохти шоиста аз ҷониби ин ё он давлат омода буданд, ки муаммоҳои ба миён омадаро ба зӯрӣ, ҷабру зулму ва куштор ва ғорат ҳал намуда, роҳи савдои ин ё он давлатро осебпазир намоянд. Ва дар аксари маврид чунин сиёсати давлатҳо паси парда қарор дошта, ин амалҳо ҳамчун ташаббуси худи роҳзанҳои баҳрӣ маънидод мегашт. Тавре мебинем, гарчанде садсолаҳо сипарӣ гашта бошанд ҳам, дар сенарияи амалҳои террористӣ тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд наомадааст. Имрӯз ҳам давлатҳои абарқудрат бозии пасипардагиро пеша намуда, мехоҳанд бо дасти ташкилотҳои фаромилии террористиву экстремистӣ, ашхос алоҳидаи роҳгумзадаро истифода намуда, манфиатҳои худро амалӣ намоянд. Аз ин ҷо хулоса намудан мумкин аст, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун падидаи иҷтимоию психологӣ имрӯз пайдо нашудааст. Тавре пажӯҳишгарӣ илми сиёсат С.Ятимов таъкид менамояд: “Ин гуна ҳаракатҳо дар тафаккури инсон имрӯз пайдо нашудаанд, балки дар таърихи инсоният ҳазорҳо сол пеш бо мазмуну шакли дигар, дар заминаву ғояҳои дигар, бо пуштибонҳои дигар, бо истифода аз маблағгузории дигар ба хотири дастгирии бо ном “ҷомеаи демократӣ” ва “озодандешӣ” тавассути “хайрия”, “грант”, пулу моли аҷнабиён вуҷуд доштанд. Пас, ҳақ ба ҷониби он муҳаққиқонест, ки таърихи ҷомеаҳо, давлатҳо ва миллатҳоро ҳамчун таърихи муборизаҳои қувваҳои мутақобила ва низоҳои иҷтимоӣ баҳри дастёбгардии манфиатҳои гурӯҳҳои муайяни иҷтимоӣ баррасӣ менамоянд. Бо гузашти айём моҳият ва шакли зуҳури терроризм ва экстремизм дигаргун гашта бошад ҳам, мазмуни асосии он – ғояи ҷабру зулм, зӯроварӣ ва куштор боқӣ мондааст.

Дар замони муосир дар таҳқиқи терроризм ва экстремизм якчанд назарияҳо истифода мешаванд. Тибқи назарияи якум, терроризм соф муаммои сиёсӣ ҳисобида шуда, дар ин ҷо сухан дар бораи рақобати субъъектҳои сиёсӣ, ки дорои манфиатҳои худ мебошанд, матраҳ мегардад.
Дар назарияпардозии дуюм, фаъолгардии амали терроризмро вобаста ба бархӯрди тамаддунҳо ва фарҳангҳо, ақибмонии рушди иҷтимоию иқтисодии давлатҳои Шарқ, хоса давлатҳои мусалмонӣ, нисбат ба давлатҳои Ғарб талқин менамоянд. Ба назари мо, ин нукта баҳснок аст, зеро давлатҳои Аврупо ва Амрико кишварҳои худро мутараққӣ ҳисобида, гумон доштанд, ки ғояҳои экстремизми динӣ ва терроризм фақат хоси давлатҳои Шарқ, яъне давлатҳои дар рушди худ қафомонда, ки дар ин ҷо асосан мусалмонон зиндагӣ менамоянд, вобаста меҳисобиданд. Аммо баъди амалҳои террористие, ки 11 сентябри соли 2001 дар якчанд шаҳрҳои Амрико (амалҳои террористӣ тавассути ҳуҷуми ҳавоӣ), баъд дар маҳалҳои гуногуни Фаронса, Олмон, Британияи Кабир рух доданд, ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуд, ки падидаҳои экстремизм ва терроризм ба муаммои глобалӣ мубаддал гашта, он муборизаи ҳамаҷояи куллӣ давлатҳоро тақозо менамояд.
Назарияи сеюмро муносибати инфиродӣ номидан мумкин аст, Тибқи ин назария сабаби ба ғояҳои деструктивӣ пайвастани мардуми алоҳидаро дар хусусиятҳои психологӣ, вази иҷтимоии онҳо ҷустуҷӯ менамоянд.
Баробари ин дар шароити рушди бемайлони илму технология шакли дигари терроризм – терроризми ахборӣ арзи вуҷуд намуд, ки онро одлатан медиатерроризм меноманд. Фарқи ин шакли терроризм дар чист? Муҳаққиқ Пластун В. Н. ба саволи мазкур чунин ҷавоб додааст: “Медиа-терроризм – ин – ҳамзистии ду созвораи гуногун: терроризм ва васоити ахбори омма буда, барои мавҷудияти худ аз ҳамдигар истифода мебаранд. Дар ин ҷо, агар ҳадафи асосии ташкилотҳои террористӣ паҳн кардани ҳисси тарсу ҳарос бо мақсади идоракунии шуури ҷомеа бошад, воситаҳои ахбори омма бошад, тавассути паҳн кардани чунин иттилоот миқдори бинандаву шунаванда ва хонандаи худро меафзояд сохта шудааст. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки ин «иттифоқ» -и ғайрирасмии тарафҳо буда, аз он ҳар ду манфиатдор мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки хатари содир намудани амалҳои террористӣ бо истифодаи имкониятҳои интернет рӯз аз рӯз меафзояд. Афсӯс, ки давлат ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ хатарзо будани ин равандро сари вақт эҳсос накарданд. Барномаҳо, стратегияҳо ва қарорҳо доир ба муқовимат бар зидди кибертерроризм ва экстремизм хеле дер қабул шуданд ва зиёда аз ин якқатор давлатҳо бо назардошти манфиатҳои худ, терроризмро ба таври худ талқин намуда, ҳатто онҳоро бо роҳҳои гуногун дастгири менамуданд, яъне онҳо ба терроризм муносибати дугона зоҳир менамуданд. Душвории ин муаммо дар он аст, ки дар баҳо додани иттилоот байни ҷомеаи ҷаҳонӣ фаҳмишу баҳогузорӣ ва талқини ягона вуҷуд надоранд.
Ахборе, ки дар саҳифаҳои интернет пахш мегардад, аз ҷониби як давлат ҳамчун амалкарди принсипи ҷомеаи демократӣ, маҳсули гуногунандешӣ шинохта шавад, аз ҷониби дигар давлатҳо ҳамчун хатару таҳдид барои амнияти маънавиёти ҷомеа баҳогузорӣ мешавад. Мисоли равшани онро мо дар дастгирии чунин ташкилотҳои террористӣ ба мисли “Толибон” “ДОИШ”, “ТТЭ ҲНИ” ва дигарҳо аз ҷониби якқатор давлатҳзои абарқудрати манфиатҷӯ дида метавонем.
Бешубҳа имрӯз терроризм ҳамчун вабои асри ХХI аз тарафи ҷомеаи ҷаҳони эътироф гашта, маҳкум мегардад. Аммо ба фикри мо, ин бедорӣ хеле дер ба миён омад, зеро тарсу ваҳм, ҷабру зулм, куштор, парешонхотирӣ, нобоварӣ ба фардо аллакай дар шуури мардум ҷойгир шудааст.
Мавриди зикр аст, ки зӯровариву ситамгарӣ рисолати асосии террористон буда, дар ду шакл зуҳур меёбанд. Ҷабру зулми кушода, ки тариқи гузаронидани амали террористӣ ба амал бароварда мешавад ва ба таври ниҳонӣ (пӯшида), ки дар шакли муборизаи мафкуравӣ барои ғасби ақлу ҳуши инсон дар фазои маҷозӣ ба роҳ монда мешавад. Технологияҳои ҷадиди иттилоотӣ ва воситаҳои дигари телекоммуникатсионӣ, ба монанди пахши барномаҳои моҳворавии телевизион, телефони мобилӣ бошад, ба онҳо имкониятҳои васеъро фароҳам меоваранд. Дар раванди таблиғи ғояҳои харобиовари хеш онҳо имкониятҳои васеи манипулятсияи шуури одамонро ба роҳ монда, онҳоро ба содир намудани ҷиноятҳои хислати террористӣ дошта ҳидоят менамояд. Тавре муҳаққиқи тоҷик Н. Муҳаммадизода таъкид менамояд “ашхосе, ки шуури вай радикалӣ гашта, ба таассуб гирифтор мешавад, олами атрофи худро эҳсос карда наметавонад , вай оҷиз аст, ношунавост, вай қобил нест, ки дигаргуниҳои ҷаҳонро бубинаду шунавад. Таассуб мубталои ҷунунӣ, таҳрифи ҷаҳонбинист, ки ба худбинию худписандии оштиннопазирӣ асос ёфтааст. Мутаасиб наметавонад механизми таҳлилу хулосабарориҳоро ба кор дарорад. ҳамчунин вай аз виҷдони дарки умумиинсонӣ маҳрум аст, аниқтараш, виҷдони ӯ ба таҳрифи меъёрҳои баҳодиҳӣ асос меёбад. Шахсияте, ки дар чунин фазои иҷтимоию психологӣ ташаккул меёбад, даст ба қонуншиканӣ ва амалҳои террористӣ мезанад. Аз ин ҷо чунин хулоса намудан мумкин аст, ки барои мубаллиғони терроризму экстремизм дар шуур, ҷаҳонбинӣ ва психологияи мардум ҷойгузин намудани ғояи сохтзудойи вазифаи аввалин дараҷа мебошад. Ҳамин, ки шахс гирифтори ин ғоя мегардад, ӯ тайёр аст, ки ба шӯру ошӯб, харобкориву хиёнат даст зада, ҷомеаро ба низои шадид гирифтор намуда, сулҳу суботи онро халалдор намояд. Барои расидан ба ҳадафҳои худ террористон қолабҳои гуногун: маводҳои видеоӣ, ки ба таври содда ва ба осони даркукунанда, сабтҳои овозӣ ва матнӣ, далелҳои санҷида нашуда, вале диққат ҷалбкунандаро истифода менамоянд. Аз ин лиҳоз, хатари шакли пушидаи амалҳои террористӣ барои сулҳу оромӣ, фаъолияти созандагии одамон бештар аст, зеро ҷомеае, ки дар авзои иҷтимоиву равонии вай тарсу ваҳм, руҳафтодагӣ, ноилоҷӣ, нобоварӣ ҷой доранд, бештар ба низоъҳои иҷтимоӣ гирифтор мешаванд
Ба ғайр аз ин, дар интернет ҷабру зулми ниҳони низ ҷой дорад, он низ метавонад сабаби тезутунд гаштани вазъияти иҷтимоиву психологии ҷомеа гардад, зеро ҷомеае, ки дар фазои он ғояи ҷабру зулм ҳукмрон аст, ба ҳолати номутавозини гирифтор гашта, дар рафтору кирдори аъзоёни он дар бисёр мавридҳо рафтори нописандида, таназзули ахлоқ, буҳрони маънавиёт ба чашм мерасад. Шахсияте, ки дар чунин фазои иҷтимоӣ ташаккул меёбад, даст ба қонуншиканӣ ва амалҳои террористӣ мезанад. Аз ин ҷо чунин хулоса намудан мумкин аст, ки барои мубаллиғони терроризму экстремизм дар ҷаҳонбинӣ ва шуури мардум ҷойгузин намудани ғояи сохтзудойи вазифаи аввалин дараҷа мебошад. Ҳамин, ки шахс гирифтори ин ғоя мегардад, ӯ тайёр аст, ки ба шӯру ошӯб, харобкориву хиёнат даст зада, ҷомеаро ба низои шадид гирифтор намуда, сулҳу суботи онро халалдор намояд.
Бояд зикр кард, ки интернет ҳамчун дастоварди технологии инсоният як хазинаи бузурги иттиллоот мебошад. Аз рӯи баъзе маълумотҳо имрӯз дар интернет бештар аз 5 миллион террабайт иттилооъ маҳфуз аст, аз як почтаи электронӣ ба почтаи дигари электронӣ ҳамарӯза қариб 300 млрд. паём мефиристанд. Ҳамзамон, дар Фейсбук 2,6 млрд одам номнавис шудааст ва агар онро аз лиҳози нуфузи аҳоли баҳо диҳем, он метавонанд сеюмин кишвари бузургтарини дунёро ташкил диҳад. Вале хусусияти ин “сеюмин кишвари бузург” аз он иборат аст, ки вай дар фазои виртуалӣ вуҷуд дошта, сохтори муайяни иҷтимоиро доро нест ва метавонад иттилоотро ба таври дилхоҳаш дар саҳифаҳои худ ҷой дода, фаъолияти ниҳодҳои расмиро ба таври ҷиддӣ такон диҳад.
Падидаи “ҷангҳои иттилоотӣ” имрӯз ба воқеият табдил ёфтааст. Мубаллиғони ғояҳои деструктивӣ, ки машғул ба ҷангҳои иттилоотӣ ҳастанд, тавассути ахбори санҷида нашуда ҳадафи асосии худ объектҳоеро чун роҳбарияти сиёсӣ ва ҳарбӣ, низомҳои таъмини соҳаҳои ҳаётии муҳимтарин, инфрасохтор, аҳолӣ ва ғайра қарор медиҳанд. Зимни ҷангҳои иттилоотӣ таъсиррасонӣ ба вазъи ахлоқию равонии ин объектҳо
ба роҳ монда мешавад. Дар ҷангҳои иттилоотӣ аз тамоми воситаҳо истифода шуда, ба ягон меъёри ҳуқуқию ахлоқӣ таваҷҷуҳ зоҳир намегардад.
Ташвишовар аст, ки дар ҷомеаи муосир, аз он ҷумла дар ҷомеаи тоҷикистонӣ, дар саҳифаҳои интернет бештар технологияҳои деструктивӣ фаъол ҳастанд. Воқеъияти имрӯза нишон медиҳад, дар шароити бархурдории сар то сарии мардум ба интернет ва воситаҳои телекоммуникатсионӣ қувваҳои муайяни ифротгаро кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки фазои интернетро ҳамчун технологияи деструктивӣ, барои тарғиби ғояҳои радикалии динию сиёсӣ, ҷудоиандозӣ ва ғайра истифода баранд. Агар ба рақамҳо рӯй орем, мувофиқи омори Оҷонсии таҳлилии “We Are Social”, дар соли 2018 бештар аз 4 миллиард сокинони сайёра аз интернет истифода мебаранд. Танҳо дар соли 2017 беш аз 250 млн. нафар ба интернет пайваст шудаанд. Миқдори умумии истифодабарандагони шабакаи интернет дар Тоҷикистон зиёда аз 4, 5 млн. нафарро ташкил медиҳанд. Дар муддати 1 рўз 6 соати истифодабарандагони интернет, тавре мегӯянд, дар дунёи виртуалӣ (ё худ маҷозӣ) сарф мешавад. Дар як сония 11 истифодабарандаи нав ба интернет шомил мегардад. Бояд зикр кард, ки аз соли 2007 дар фазои интернетии ҷаҳон 10 ҳазор сайтҳои электронии экстремистӣ ба қайд гирифта шудаанд, дар гузаштаи на чандон дур барои таблиғи маводи ифротгароёна ва моҷароҷӯёна истифодаи маҷаллаю рўзномаҳо, радио ва телевизион низ истифода мешуданд.
Ҳамин тариқ, хулоса намудан мумкин аст, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва вусъатёбии технологияҳои иттилоотӣ масъалаи мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм ба падидаи бисёрҷанбаъ табдил ёфтааст. Албатта дар доираи як мақолаи илмӣ баррасӣ намудани ҳамаи омилҳои тавлидкунандаи онро ғайриимкон аст. Вале ба ҳар ҳол ду нуктаи муҳимро пешниҳод намудан ҷоиз аст. Якум, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва иттилоотшавии ҷомеа шаклҳои нави зуҳури падиҳаҳо терроризм ва экстремизмро касб намудааст.
Дуюм, таҳқиқи ин муаммои рӯзмаъра тақозо менамояд, ки он дар масири омилҳои иҷтимоию психологӣ ба роҳ монда шавад, зеро дар раванди ҷалби ашхоси алоҳида ё гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба ғояҳои буеёдгароӣ омили психологӣ, аз ҷумла ангезандаи он нақши асосӣ мебозад. Ангезандаҳо метавонад ба ҳолати мушаххаси психологии шахс, масалан, дар шуур ва психологияи он вуҷуд доштани ҳиссӣ таҷовузкорӣ ё ба омилҳои беоуна (муҳити иҷтимоӣ) вобаста бошад.
Хулосаи дигар ин аст, ки терроризм ва экстермизм моҳияту зуҳуроти худро тағйир дода, то ба ҳол ҳамчун муаммои глобалии ҷаҳони муосир боқӣ мемонад. Хислати фарқкунандаи он дар характери медиавӣ ва шабакавӣ касб намудани он аст. Дар давлатҳои аз лиҳози технологӣ тараққи карда механизмҳое корбаст мешаванд, ки пеши роҳи ҳаргуна ахбори ифроти гирифта мешавад. Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол набояд аз ин равандҳо қафо монад, вагарна тавассути интернет паҳн гаштани ғояҳои террористӣ оқибатҳои даҳшатборро ба сари мардуми кишварамон меорад.

СОЛИҶОНОВ РАСУЛҶОН ,
доктори илмҳои фалсафа,
профессори кафедраи ҷомеашиносӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *