ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ МАКТАБИ МИЛЛИИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН

Таърихи ҳазорсолаи дуру наздик гувоҳ аст, ки оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда аз дунболи ҳар шикасту инқирози чашмрас, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст. Ин рисолати таърихиро, ки дар раванди давлатдории ҷаҳон назир надорад, метавон фарҳанги давлатдории тоҷикон номид, – таъкид намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Дар Паёми навбатии худ, ки 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ташаккул додан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, устуворгардонии ниҳодҳои сиёсии ҷомеа, вусъати худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлати миллӣ, ин сарзамини аҷдодӣ тавассути омӯзиши таърих ва фарҳанги миллӣ яке аз мавзӯҳои калиди матраҳ гаштааст. Дар ин робита, мавриди зикр аст, ки мавзӯи ташаккули мактаби миллии давлатдории тоҷикон дар илми фалсафа ва сиёсат мавзӯи нав буда, то ҳол бисёр паҳлуҳои он омӯхта нашудааст.
Аз ин рӯ, мо дар маърӯзаи мазкур ба таври гузориш баъзе ҷанбаҳои ташаккули мактаби миллии идоракунии давлат ва нақши Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули ин мактаб мавриди омӯзиш қарор медиҳем.
Яке аз масъалаҳои мубрами давлатсозии муосир ин интихоби шакли давлатдорӣ мебошад. Таҷрибаи давлатдории ҷаҳони муосир шаҳодат медиҳад, ки дар шароитҳои ноорому даврони гузариши ҷомеаҳо аз як низом ба низоми дигар маҳз шакли президентии идоракунии давлат самаранок мебошад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксарият давлатҳои ҷаҳони муосир ниҳоди президентӣ ҳамчун намуди сардори давлат маъмул буда, дар суботи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ нақши муассир дорад.
Ба қонунмандии рушди ҷомеа нигоҳ накарда, технологияи муосири сиёсӣ имконият медиҳад, ки ин ё он шахсро ба сари қудрат орад ва ё аз он дур созад. Баробари ин, таърихи давлатҳо собит менамояд, ки афроди сунъие, ки бо роҳи таблиғоти ё абзори дигари технологияҳои сиёсӣ ба сари қудрат меояд, дер ё зуд аз байн мераванд ва дар саҳифаҳои таърих нопадид мегарданд. Вале баръакси ин, чеҳраҳои табиӣ ва пешвоёни воқеии мардум ба бахши унсурии ҳастии миллату давлат табдил шуда, то абад ҳамчун арзиш, намуна ва қаҳрамон ҷовидона боқӣ мемонанд.
Муаммои пешвои сиёсӣ ҳеҷ гоҳ масъалаи шахсӣ ё ба талаботи фардӣ ва ё ба хоҳишу майлу рағбати як инсони алоҳида вобаста нест. Ҳатто касе аз рӯи хоҳиши худ ба таври зӯрӣ ба сари қудрат ояду даъвои пешвогӣ намояду сифатҳои дар боло зикр кардаро надошта бошад, ҳокимияти чунин шахс бақоъ надорад.
Дар ин росто, агар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри ХХ –ро пеши назар орем, маҳз набудани лидери сиёсии қавииродаву ҷасур ҷомеаи моро ба буҳрони амиқи сиёсию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардонид. Дар оқибат ҷомеа ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор гашт ва фоҷиаи миллӣ пеш омад. Бинобар ин, агар дар он марҳала шахсияти дар сатҳи умумимиллӣ эътирофшудае вуҷуд медошт, ки бо тамоми ҷасорат ва иродаи қавӣ зимоми идораи мамлакатро ба дӯш мегирифт ва ҳамчун кафили ҳифзи давлатдорӣ, суботи ҷомеа ва ваҳдати миллии тамоми нерӯҳои сиёсиро дар атрофи худ ҷамъ меовард, шояд пеши роҳи ҷанги шаҳвандӣ гирифта мешуд. Ин аст, ки дар баъзе марҳалаҳои таърихӣ зуҳури Пешвои миллӣ барои миллат ва давлат ба як масъалаи сарнавиштсоз табдил меёбад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардуми худро ба таври табиӣ дарёфтааст. Чеҳраи ӯ табиӣ, шахсияташ воқеӣ ва хидматҳои ӯ хидматҳои бунёдӣ мебошанд.
Аммо барои расидан ба ин мақоми милливу таърихӣ, Пешвои муаззами имрӯзаи миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳеро тай намуданд, ки пур аз мушкилот, пайроҳаҳои пур аз печу тоб, пур аз камину хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат ва пур аз комёбӣ буд. Ин аст, ки агар касе бихоҳад, то симо, шахсият ва ҷойгоҳи ӯро назди мардуми тоҷик дарк намояд, бояд пеш аз ҳама, роҳи пай намудаи ӯ ва хидматҳои мондагори ӯро барои ин мардум дарк кунад. Таҳлили ҳамин роҳ ва дарки ҳамин дастовардҳо худ ба худ нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон кист ва барои мардум ва давлати Тоҷикистон ҷойгоҳ ва чи арзише дорад. Зеро, имрӯз вақте дар бораи дар роҳи иҷтимоии тайшуда ва дастовардҳои бунёдии Тоҷикистон дар марҳилаи пурпечутоби истиқлолият сухан меравад, бешубҳа симои шахсияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сарсупурдаи миллат пеши назар меояд.


Бешубҳа, комёбиҳои ин миллат ба кишвар зери сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон беназиранд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳои усулӣ ва бунёдии ин марҳила кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чи масиреро тай карда ва чи дастовардҳои азимеро ноил шудаанд. Ва бо дарку ҷамъбасти ин дастовардҳои бунёдӣ метавон дарёфт намуд, ки сабаби эҳтироми амиқ ва эътимоди устувори мардуми Тоҷикистон ба пешвои милли худ дар чист.
Қадами нахуст ё асоситарин дастоварди давлат ва мардуми Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки ӯ давлатдории миллии тоҷиконро аз вартаи нобудӣ наҷот дод. Бояд таъкид намуд, ки бунёди мактаби миллии идоракунӣ дар шароити баъди ба шикаст дучор гардидани низоми пешинаи иҷтимоӣ кори осон набуд, зеро тоҷикон аз замони суқути давлати Сомониён аз ин таҷриба бархурдор набуданд. Аз ин лиҳоз, дар давраи аввали раванди бунёди мактаби миллии идоракунӣ баъзе каловишҳо ба назар расида, ба моделҳои амалкунандаи идоракунӣ дар дигар давлатҳо рӯй оварада мешуд. Аммо, таҷриба нишон дод, ки нусхабардорӣ аз ин моделҳо дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷанги шаҳвандиро аз сар гузаронид, имконияти самараноки идоракунии ҷомеа ва давлатро намедиҳад. Аз ин рӯ, Пешвои миллат ба умқи таърих ва фарҳанги миллии худ рӯй оварда аз он сабақҳо бардошта, чунин падидаҳои нодир ба мисли “Оштии миллӣ”, “Созиши миллӣ” ва “Ваҳдати миллӣ” – ро рӯи кор оварданд. Маҳз ҳамин рӯовариҳо ба захираи бои фарҳангии ниёгон, билохира заминаи боэътимоди бунёд ва мустаҳкамгардии аркони давлати соҳибистиқлол ва мактаби миллии идоракунии ҷомеаву давлат гашт.
Хизмати мондагори Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои муаззами миллат, дар он аст, ки ӯ нафақат наҷотбахши давлати тоҷикон ва эҳёи он дар давраи хеле пурпечутоби ҷомеа шинохта ва эътироф карда шуд, балки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ин фарзанди ватандӯсту фарзона мактаби миллии давлатдориро бунёд намуд, ки он бесобиқа мебошад.
Бисёр муаллифон ба андешаҳои мутафаккирони пешин такя намуда сифатҳои Пешво: хоксорӣ, далерӣ, шуҷоат, меҳанпарастӣ, маорифпарварӣ, боадолатӣ ва соир хислатҳоро нишон медиҳанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи башарӣ новобаста аз талошҳои роҳбарони кишварҳои абарқудрат баҳри яккатозӣ дар паҳноии олам ва таъсири ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба маънавиёти ҷомеаҳои суннатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои дар боло зикргаштаро доро буда, аз ҷумлаи сарвароне мебошад, ки тавассути фаъолияти мудаввом, саъю талошҳои зиёд манфиатҳои миллиро ба асос гирифта, амну осоиш, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, якпорчагии кишвар ва рушди онро таъмин намудаанд.
Яке аз хидматҳои мондагори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он буд, ки ӯ дар муҳлати кӯтоҳтарин тавонист, ки мақомати конститутсионии фалаҷшударо эҳё намояд. Тайи ин муддат Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби сохтори мукаммали идоракунӣ, ҳукумати қонунӣ, парлумони касбӣ, артиши миллӣ, ниходҳои босалоҳияти қудратию амнияти ва дигар рукну абзорҳои зарурии давлатдории худ гашт. Дар ин масъала бояд гуфт, ки маҳз ташаккули механизми ягона ба кор даромадани низоми давлатдорӣ яке аз заруратҳо ва нишондиҳандаҳои асосии барпо шудани давлат ва давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Зеро махз системаи ташаккулёфтаи давлатӣ метавонад кори муназзами институти давлат ва бақои давлатдориро таъмин намояд. Бинобар ин, дар сатҳи муосир эҳё ва барқарор намудани системаи мукаммали давлатдории тоҷикон яке аз дастовардҳои бунёдии Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.
Имрӯз дар шароити сулҳу ваҳдат сафи мунаққидон хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ афзудааст ва дар бораи ниҳоди Президент низ ҳар гуна садоҳо шунида мешаванд. Ба ин мунаққидон ҷавоб гуфта ҳамин нуқтаро таъкид менамоем, ки масъалаи Пешвои сиёсии миллат набояд бо падидаҳои манфие чун шахсиятпарастӣ, авторитизм, маҳду ситоиши роҳбар тавхам дониста шавад. Мо, бар ин ақидаем, ки Пешвои миллӣ шахсиятест, ки маҳз бо ифои нақши воқеии сарнавиштсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи умумимиллӣ гашта, масъалаи пешвоии ӯ ба таври табиӣ ва воқеӣ аз тарафи ҷомеа қабул мегардад. Пешвои миллӣ ба таври сунъӣ ё бо мадҳу сано сохта намешавад, балки он маҳсули як марҳилаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст.
Хулоса, дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрсамтаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили давлатдории миллии тоҷикон кишвари моро аз вартаи нобудӣ наҷот дод, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин шуд, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор гардиданд, сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари оддӣ, балки ҳамчун ба як шахси наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Пас, Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як мансаб ё як унвон нест, балки Пешвои миллӣ будани ӯ як ҷойгоҳ аст, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба он расидааст.
Ин аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон маънои васеътар аз ҷонибдорӣ аз як шахсро гирифтааст, балки ҷонибдорӣ аз ӯ ба маънои ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ ва фикрии миллат, аз низоми давлатдорӣ, аз суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад.

ДИЛШОДЗОДА ФАРИДА,
донишҷўи курси 1ғуми ихтисоси
250108 – баҳисобгирии
бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *