
Пӯшида нест, ки саркардагони раҳбарияти собиқ ҳизби наҳзат бо ҷалби ҳаракатҳои мухолифини бурунмарзӣ тариқи кӯмаку дастгирии хоҷагони хориҷӣ, барои идома додани фаъолияти тахрибии худ созмони бо ном “Паймони миллӣ”-ро таъсис доданд. Созмони мазкур ифодакунандаи афкори наҳзатиён буда, раҳбарияту ҳаммаслаконаш бо фаъолияти пардапӯшонаи тахрибкорӣ дар сомонаи интернетӣ бо номи “Ислоҳ нет” тибқи барномаи таҳрезишуда баромадҳои ифротӣ менамоянд. Алҳол мудирияти сомонаи “Ислоҳ нет”- ро Муҳаммадиқболи Садриддин ба ӯҳда дорад, ки фарзанди Қаландари Садриддин яке аз саркардагон ва аъзои фаъоли наҳзат мебошад.
М. Садриддин тавассути сомонаи ифротии “Ислоҳ нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” бо ҷалби роҳбарону фаъолони наҳзатиён ва думравони фирорӣ бо навбат баромад менамояд, ки он аз мубаллиғони идеологияи бегонапарастӣ, авомфиребӣ далолат мекунад. Аз баромадҳои тӯдаи хоинони миллат, ҳар фарди солимақл бе ягон мушкилӣ дарк мекунад, ки “Паймони худсохтаи наҳзат” аз пешравиҳову дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон озурдахотир гардида, бо чоплусиву бегонапарастӣ ва амали ноҷавонмардонаи худ камбудиҳои ночизи кишварро мавриди таҳқиру писханди ҷомеа қарор медиҳанд. Аммо, ин тоифа афроди бадхоҳ бехабаранд, ки мардуми солимақли кишвар шоҳиди он аст, ки фаъолияти душманонаи наҳзати фирорӣ асосан дар мисоли пешбурди ҷанги иттилоотӣ бо роҳи таъсиси сомонаҳову дигар васоити ахбори дасиссабоз дар фазои иттилоотӣ мавриди ташвиқу тарғиб қарор дода шудааст. Хулоса, бояд донист, ки паймони худсохтаи наҳзат – “Паймони миллӣ…” аз назари ақида, ҳадафҳояш воқеан як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз дигар гурўҳҳои террористӣ фарқе надорад.
Дар интиҳои андешаи хеш иброз медорем, ки баҳри решакан намудани ғояҳои ифротагроёнаи мубаллиғи бегонапараст -“Паймони миллӣ” ва умуман, бар зидди андешаҳои бебунёду амалҳои хоинони миллат муборизаи беамон бурда, намегузорем фазои ороми муқаддаси кишварамонро ғуборолуд созанд.
Р. АНВАРӢ,
ассистенти кафедраи
молия ва қарз