Терроризм таҳдид ба осоиштагиву суботи ҷомеа!!!

Терроризм дар ҳама гуна шаклҳо ба яке аз хатарҳои бузургу пешгӯинашаванда дар миқёси ҷаҳон табдил ёфт, ки оқибатҳои мушкилоти иҷтимоиву сиёсӣ ва ахлоқӣ барои инсоният дар асри XXI дорад. Терроризм падидаи иҷтимоиест, ки дар истифодаи ғайриқонунии шаклҳои шадиди зӯроварӣ ё таҳдиди зӯроварӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои мушаххаси сиёсӣ инъикос меёбад. Калимаи “террорист” аз забони лотинӣ (терроризм – тарс, шубҳа) пайдо шудааст. Мафҳуми террор – истифодаи мунтазами зӯроварии шадид ва таҳдиди зӯроварӣ барои расидан ба ҳадафҳои ҷамъиятӣ ва сиёсӣ мебошад. Дар луғатҳо, “терроризм” ҳамчун “зӯроварии ҷисмонӣ, ҳуқуқӣ ва харобшавии ҷисмонӣ” муайян карда шудааст. Ҳамлаи террористӣ одатан ба ҳаёти инсон таҳдид меорад ва ба вайроншавии арзишҳои рӯҳонӣ оварда мерасонад.
Муборизаи зидди терроризм тавассути ҷорӣ намудани меъёрҳои махсус дар сатҳи байналмилалӣ ва инчунин меъёрҳои оддии конститутсионӣ амалӣ карда мешавад. Агар терроризм хатар ба ҳаёти инсон бошад, пас аз он хатар барои тамоми тамаддуни мо, ва пеш аз ҳама, барои ҳаёти ҳар як шахс аст. Глобализатсия, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта буд, тамоми халқҳоро бо ҳам наздиктар кард, ки бешубҳа гуфтугӯи байни халқҳо, гуфтугӯи байни фарҳангҳо ва муколамаи байни динҳоро пешбинӣ мекунад. Дар рафти чунин муколамаҳо мо имконият пайдо мекунем ва кӯшиш мекунем, ки сабабҳои пайдоиши терроризмро муайян ва решаи онро бартараф намоем.
Имрӯз, терроризм дар бисёр ҳолатҳо инсонро зери фишори динӣ қарор додааст. Аммо ин набояд моро аз ҳақиқати аслӣ дур ва гумроҳ созад. Имрӯз, дар як қатор давлатҳо, қувваҳои террористӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии худ бо арзишҳои умумии динӣ амалҳои худро рӯйпӯш мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки терроризмро ба майдони ҳимояи манфиатҳои худ табдил диҳанд. Аммо дар зери ин амалҳо, воқеияти ваҳшиёнаи террористӣ дида мешавад.
Ҳамин тариқ, мо метавонем хулоса барорем, ки терроризм ба яке аз мушкилоти ҳозиразамон табдил ёфта, таваҷҷӯҳи ҷиддиро талаб мекунад. Бо мақсади мубориза бурдан бо терроризм, бояд бо зуҳуроти фавқулодаи он мубориза бурд, яъне сабабҳои асосиеро, ки ба пайдоиш ва афзоиши он мусоидат мекунанд, бояд бартараф кард.

Омӯзгори калони кафедраи Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
Мамадалиева Г.Т.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *