Хатарҳои нав вобаста ба амалҳои террористӣ !

Олами сиёсат гуногун чеҳра аст. Раванду ҳодисаҳое ҳастӣ доранд, ки хусусиятҳои асосии онро муайян месозанд. Дар рафти инкишофи таърихӣ тағйиротҳои ҷиддӣ ба амал меоянд. Ба ҷои ҳодисае ҳодисаи дигар меояд. Ба ҷои насле насли дигар ташаккул меёбад. Насли нав талаботу манфиатҳои хешро дорад. Бинобар ин дар пайи тағйири ҷомеа, арзишҳо ва системаи сиёсии он бо тамоми унсурҳо ва хусусиятҳояш мегардад. Олами сиёсат зудҳаракат аст. Вақте ки муносибатҳои сиёсии мавҷудаи системаи сиёсӣ ба манфиатҳои субъектҳои навини сиёсат мувофиқ намеоянд, он гоҳ воқеияти объективӣ тағйироти сиёсӣ ва умуман, инкишофи ҷомеаро талаб менамояд. Ҳамин тариқ, номувофиқ омадани воқеияти реалӣ ва тасаввуроти субъектҳои сиёсат боиси рушди сиёсии олам мегардад.
Аз ин рў, сиёсат азалӣ нест. Он натиҷаи инкишофи таърихист. Пайдоиш ва инкишофи он аз мураккаб ва пурихтилоф гаштани ҳаёти иҷтимоӣ дарак медод. Сиёсат дар макон ва замоне пайдо мешавад, ки ризоияти табии байни одамон халалдор ёфта, талабот ва танзими рафтору кирдори онҳо ба амал меояд. Сиёсат қисми таркибии ҳастии инсон, соҳаи муҳимтарини ҳаёти ҷомеа ба шумор меравад. Ҳамчунин падидаи мураккаби ҷамъиятӣ сиёсат кулли одамонро фаро мегирад. Дар ҷомеа шахсе нест, ки ба сиёсат сару кор надошта бошад. Новобаста аз хоҳишашон одамон ба ин ё он сатҳ ба сиёсат кашида мешаванд. Зиёда аз ин, сиёсат ба талаботи кули одамон табдил ёфтааст. Соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба андозаи зарурӣ хосияҳои сиёсиро пайдо намудаанд.
Терроризм зодаи сиёсати нодуруст ва ноодилонаи кишварҳои абарқудрат мебошад. Ноадолатӣ дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики пешрафта ва сустинкишоф, дар дохили ҳар як кишвар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа сабабҳое мебошанд, ки терроризмро ба майдон оварданд. Беэҳтиромӣ нисбати арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ ва анъанаву расму оинҳои хоси мамолики сусттараққӣ ва ақалиятҳои миллию динӣ сабаби дигари мағлубнапазирии терроризми байналхалқӣ боқӣ хохад монд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз 4 апрели соли 2003 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маврид чунин гуфта буд:
«Имрўз ҳамагӣ аз панҷ як ҳиссаи инсоният 80 дар сади боигарии ҷаҳонро дар даст дорад. Агар дар охири асри 19 таносуб дар тақсимоти боигариҳои ҷаҳон байни мамолики тараққикарда ва сусттараққикарда ба сари аҳолӣ 9 бар як бошад, пас имрўз ин таносуб сад бар як аст».
Аз ин нуқта хулоса баровардан мумкин аст, ки одамон новобаста аз хоҳиш ва иродаашон дар робита ва ҳамбастагӣ буда, ба сифати иштирокчии раванди сиёсӣ ва офаридгори сиёсат баромад менамоянд, ки ин дар натиҷа, бо содир намудани ягон амали номатлуб оварда мерасонад.
Тибқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм яъне содир намудани таркиш, сухтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад. Ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо мебошад.
Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Сиёсати як катор давлатхои ғарб ба он нигаронида шудааст, ки ба террористон ягон хел гузашт накардан, ба давлатҳое, ки террористонро химоя мекунанд, фишор овардан, ҳамаи кувва ва воситахоро аз он чумла, куввахои харбиро зидди террористон истифода бурдан ба дигар давлатхо барои мубориза бар зидди террористон ёри расонидан иборат аст.
Алимухамедова З.З.- муаллимаи кафедраи
математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *