ТЕРРОРИЗМ, ЭКСТРЕМИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ЗАМОНИ МУОСИР

 

Терроризм  яке аз воситаҳои асосию паҳнгаштатарини муборизаи замони инқилоб ва аксулинқилобҳо ба шумор меравад ва ҷомеаро дар давраҳои модернизатсияи сиёсии моҷарогароӣ ва муқовиматҳои иҷтимоӣ қавӣ менамояд. Дар ин замон муҳим нест, ки аввалин шуда кадом ҷониб ва ё кӣ даст ба истифодаи зўрии канораю ғайриқонунӣ мезанад. Аҳамияти асосиро сатҳи муқовимати қувваҳои сиёсӣ ва маданияти сиёсии онҳо ташкил медиҳад. Чуноне ки таҷрибаи мамлакатҳои гуногуни олам нишон медиҳанд, дар ҳолати мазкур неруҳои террористӣ фақат кўшиши нобуд намудани рақиби худро менамоянд. Терроризм дар инкишофи таърихии инсоният ҳодисаи нав набуда, ҳанўз аз замонҳои қадим ба ин усул қувваҳои гуногуни сиёсӣ ва ҷамъиятӣ барои ҳокимият талош дошта, даст ба зўрӣ, даҳшат овардан ва тарсонидани одамон мезаданд. Қувваҳои гуногун террорро ҳамчун воситаи мубориза бар зидди рақибони хеш медонистанд.

Барои ба ҳадафҳои сиёсӣ расидан аксаран ташкилотҳои экстремистӣ ба эътиқоди динии шахсон таъсир расонида, шаҳрвандони гуногуни дунёро бовар кунониданӣ мешаванд, ки сиёсати давлатдорӣ бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд дини мубини Исломро барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар замони муосир хатари терроризм ва гурўҳҳои ифротгароӣ яке аз масъалаҳои мубрами замон муосир  буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омўзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намуда, баҳри пешгирии омилҳои террористӣ тамоми омилҳо, сабабҳо ва дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза алайҳи терроризмро пайдо хоҳанд намуд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Қурбони терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифратор ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Имрўз яке аз масъалаҳои муҳим ва ногуворе, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Чӣ тавре ки ҷараёни таърихӣ нишон медиҳад, ғояҳо ва идеологияҳои ифротгароӣ, хамчун ҳодисаи сиёсӣ дар ду маврид ба миён меояд. Якум, вақте ки дар ҷомеа беадолатӣ вуҷуд дорад ва қисми муайяни ҷомеа дар назди худ мақсад мегузорад, ки бар зидди беадолатӣ мубориза барад. Дуюм, барои ҳокимият мубориза бурда мешавад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолиятӣ бо дин рўйпўшкардашудае аст, ки бо зўран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст, ки дар асл дини мубини Ислом инро намехоҳад. Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.

Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Пешвои миллат, Президент ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки доѓи рўз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».

Ин падида на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона рахнаандозӣ намуда истодааст, ки Президент Э. Раҳмон дар суханронии худ доимо қайд менамояд: «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд». Махсусан ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки масъалаи «мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хурофотпарастиву ифротгароӣ» ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти идеологии муассисаҳои илмӣ ва сохтори марбутаи давлати дунявӣ дониста мешавад. Имрўз дар ҷаҳони ислом як қатор ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ дар заминаи эътиқодоти динӣ амалкунанда арзи ҳастӣ доранд, ки аз ҷониби қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ бо мақсади амалӣ сохтани манофеи геополитикиашон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлол интиқол ёфта, имконияти дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти ҷомеаро доранд.

Хулосаи матлаб ин ки ба мо ҳамагон лозим аст, кушиш ба харҷ диҳем, фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷомеа билхусус ҷавононамон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кур-курона дунболи гурўҳҳои ифротӣ нараванд. Вазъияти фазои динии ватанамон ба ба ҳамагон маълум, ки давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистон ҳама мусулмон буда, ба муқаддасоти динӣ ва дастуроти шариати Ислом эҳтиром мегузоранд.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон китобҳои фаровони динӣ ба забони тоҷикӣ ва хати кириллӣ тарҷума шуда, дар дастраси мардуми мусулмони кишвар қарор дода шуд. Аз ҷумла тарҷумаи Қуръони Карим ба теъдоди хеле зиёд таҳия шуда, ба таври ройгон пешкаши мардуми мусулмони Тоҷикистон карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минбари СММ оид ба покии дини муқаддаси Ислом суханронӣ намуда, нисбат додани тероризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ба ин дини муқаддасро бо қотеият рад намудааст.

Имрўз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзўр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми Ватани азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

Зеро ақидаҳо, андешаҳо, пешниҳодҳое, ки тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои телевизиниву радио, конфронсу мизҳои мудаввар, вохўрӣ бо намояндагони мақомотҳо ва дар пайравии онҳо дарсҳои кушоди тарбиявии устодон бахшида ба мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ дар ин самт нақши муҳимро бозидааст.

Муаллими калони кафедраи

молия ва қарзи ДИС ДДТТ

Ҳалимов И.М.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *