САРЧАШМАИ САОДАТ

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ва зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аксияи намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр таҳти унвони “Сарчашмаи саодат” баргузор гардид.

Дар аксия дар баробари дигар кумитаҳои иҷроияҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва 150 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Хуҷанд ширкати фаъолона дошта, ба маблағи 33 ҳазору 712 сомонӣ 1 ҳазору 265 китоб харидорӣ намуданд. Махсусан кумитаҳои иҷроияи ибтидоии ба номи Бобоҷон Ғафуров, “Сомон”, “Осимӣ”, “Инқилоб”, ташкилотҳои ибтидоии “Амонатбонк”, Маркази Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд, беморхонаи вилояти Суғд, “Ҷавонӣ, Маркази саратоншиносӣ дар чорабинӣ фаъолнокӣ зоҳир намуданд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ дар баробари иштироки Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ, шоирони халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Аҳмадҷони Раҳматзод, инчунин муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ширкат варзид. Барои иштироки фаъолона ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Сипоснома ва ҳамчун нишони қадршиносӣ китобҳои тозанашр аз ҷониби кумиҷроияи вилоятӣ тақдим гардид.

Дар қатор дигар донишгоҳҳои олии кишвар, фурӯши китобҳои ДИС ДДТТ низ ба роҳ монда шуда, 23 номгӯи китобҳо пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Барои иштироки фаъолона дар аксияи намоиш ва фурӯши китоб бахшида ба зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ ДИС ДДТТ аз тарафи раёсати КИ ҲХДТТ дар вилояти Суғд бо сипоснома сарфароз гардонида шуд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *