Сомонаҳои Интернетии иғвоангез

Тавре иттилоъ гирифтем бо аризаи  Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи интернетии   сомонаҳои интернетии www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком” («Akhbor.com») ва “наҳзат.ру” («nahzat.ru») бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2020    баста шуд.  Фикр мекунем, ки ин ҳалнома ба маврид аст, зеро ин Сомонаҳо дар саҳифаҳои худ рӯзномаю адабиёт ва варақаҳо ахбори санҷиданашуда, сабтҳои видеоҳои сохта шудаеро паҳн менамоянд, ки оромии ҷомеа ва амнияти онро халалдор менамоянд.

Дар ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гаштааст, ки сомонаҳои дар боло зикр карда шуда дар маводҳои пешниҳодшавандаи худ идеологияи ҳизбу ҳаракатҳои   хислати террористиву экстремистӣ доштаро ба мисли Ҳизби Наҳзати Ислом”, “Паймони миллии Тоҷикистон” таблиғ намуда, мехоҳанд Ҳукумати конститутсиониро бадном ва ҷомеаи Тоҷикистонро ноором гардонанд. Яке аз онҳо Салимпур мебошад. Ӯ мегӯяд, ки мубалиғи ифротгароён нест, пас чаро ҷаноби Салимпур дар саҳифаҳои www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком” дар бораи он шоҳкориҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда шуданд, ягон мавод ҷой намедиҳад. Ҷавоб мусаллам аст, зеро вай ба ивази маблағи хоҷагонаш омода аст, ки кишвари маҳбуби моро дар назди ҷомеаи ҷаҳони бадном кунад. Аз ин рӯ, агар гӯем, ки Салимпур таблиғгари гурӯҳҳои ифротӣ ҳаст, ба ин шубҳа надорем, зеро   ахборе, ки ӯ пешниҳод менамояд ҳаргиз ба  манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида нашудааст , баракс манфиати хоҷагони хориҷии худро дар ҷойи аввал гузошта, андешаҳои ӯ бар зиддӣ  сиёсати имрӯзаи давлати Тоҷикистон мебошад.

“Хизби наҳзати исломӣ бо амалҳои нопок мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиёи Миёна паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, чеҳраи аслиашон ба ҳама маълум гашт”. Эътибор диҳед ин андешаи мо нест, балки баҳои яке аз рӯзномаи  бонуфузи “Ал-Аҳром” – и Ҷумҳурии Мисри Араб буда, ҲНИ –ро ҳамчун ҳизби террористӣ муаррифӣ намудааст.

Мардуми Тоҷикистон набоял ба ҳар як ҳилаву найранги ҲНИ, ки онро Салимпуру Муҳаммадиқболи Садриддинҳо тавассути  www.akhbor.com  ё “Ахбор.ком”, “наҳзат.ру” («nahzat.ru») дода нашаванд, зеро тамоми  нооромиҳо, куштору ғорат, сӯзондани шаҳру деҳоти Тоҷикистон дар солхои 90-ум асри гузашта натиҷаи сиёсати «Инқилоби исломӣ» наҳзатиён мебошанд.

Аз ин лиҳоз Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бастани ин Сомонаҳо дуруст аст.

Даъвату ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба терроризму экстремизм дар мисоли ТЭТ ҲНИ   хушдорест барои ҷомеаи сулҳхоҳи олам, ки баҳри ҷилавгирӣ аз фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муттаҳид бошанд.  Пешвои миллат зикр намудаанд:  “Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист Ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”.

Дар охир замин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст, ягон қувва онро халалдор карда наметавонад, зеро мо як бор асои худро гум кардем, дигар ба ин кор роҳ намедиҳем, баракс   сиёсати хирадмандонаи пешгирифтаи Пешвои миллатро тарафдорӣ мекунем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар созем.

 

                Солиҷонов Р. – ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *