ТЕРРОРИЗМ – БАРҲАМЗАНАНДАИ АМНУ ОСОИШ

Аз хабару гузоришҳои дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида бохабарем, ки алҳол авзои ноорому бесуботи сиёсии сайёра боиси ташвишу нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳон аст, зеро кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон, мусаллаҳшавии бошитоб, қудратталабӣ, бархӯрди манфиатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҷиноятҳои киберӣ торафт шиддат гирифта, ҷаҳонро ба марҳалаи нави ҷанги сард кашидаанд. Дасисиву дастгирии баъзе абарқудратҳо аз террористон дар гӯшаҳои гуногуни дунё баҳри амалигардонии манфиатҳои худ давлатҳои дигарро ба ҳоли табоҳ гирифтор намудаанд. Чунончи дар Афғонистон мавриди ҳамлаҳои террористон ва ифротиён қарор гирифтанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз замоне, ки ҳаракти “Толибон” қудратро дар Афғонистон ба даст гирифтанд, бештар амалҳои террористӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар робита ба ин, мо танҳо таркишҳое, ки дар тули се соли охир дар масчидхои Афғонистон ба амал омадаанд мисол меорем. Аз ҷумла:
-тирамоҳи соли 2021 дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ дар масҷидҳо беш аз 250 нафар кушта, садҳо нафар маҷруҳ шуданд;
-22 апрели соли 2022 пурталафоттарин таркиш дар масҷиди Седӯкони шаҳри Мазори Шариф ҳангоми адои намози зуҳр рух додааст, ки дар он 31 нафар кушта ва 87 нафар захмӣ шудаанд.
-тибқи иттилои расонаи агентии хабарии “Aamaj News” дар ҷараёни намози ҷумъаи 13 октябри соли 2023 дар масҷиди шиаён дар шаҳри Пули Хумрии маркази вилояти Бағлони Афғонистон 17 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 50 нафар ҷароҳати гуногун гирифтаанд. Пас суол ба миён меояд, ки чаро маҳз дар масҷидҳо таркишҳо ба амал меоянд? Ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест. Бояд ёдовар шуд, ки воқеан дини мубини Ислом чун ҳамаи динҳои дигар инсониятро ба таҳаммул, тараҳҳум ва тавозуъ ҳидоят намуда, ҳар гуна зуроварӣ ва кушторро маҳкум месозад. Ба фикри ман мусулмон он одаме, ки дар дил раҳму шафқат, меҳру муҳаббат, дили пок, фикри рост дошта бошад.
Хулоса, ҳодисаҳои зикршуда бори дигар собит менамоянд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як тахдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Умуман, терроризм барҳамзанандаи амну осоиш аст! Ҳар як шаҳрванди ҷомеаи муосир бар алайҳи терроризиму ифротгароӣ бетараф набошад ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, ба худ хулосаи зарурӣ барорад. Бо дарназардошти вазъияти ногувори ҷаҳонӣ, бахусус вазъияти баамаломадаи Афғонистон талаб мекунад, ки имрўз бояд ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар ба худ хулосаи зарурӣ барорад, яъне ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти сохтору мақомотҳои давлатӣ ҳамаҷониба мусоидат намоем.

Ш. АБДУЛФАЙЗОВА,
сармутахассис оид ба
сомонаи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *