Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қаблан зимни изҳороту мақолаҳои хеш борҳо нисбат ба хоини бегонапараст, яке аз ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста ба иғвоангезиву фитнаҷӯии ин хоини бегонапараст андешаҳоямонро баён месозем. Бояд ёдовар шуд, ки умуман, хоинони бегонапараст- раҳбарияту ҳамммаслакони ТТЭ ҲНИ бо ёрии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, барои бадном кардани сиёсати одилонаи имрўзаи Ҳукумати кишвар роҳҳои ғаразнокро пеша кардаанд. Ин тӯдаи хоинони бегонапараст, ҳеҷ гоҳ андешаи нуфузи миллатро намекунанд, танҳо онҳо бо ин васила мехоҳанд нафси худро қоневу ҳокимиятро ба даст оранду мардумро ғуломи ҳалқабаргӯши хоҷаҳояшон созанд. Наворҳои дурӯғини ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дастури хоҷагони хорҷиашон омода карда, дар сомонаҳои интернетӣ пахш мекунанд, шаҳодати онро мекунад, ки онҳо ба ғайр аз иғво ва фитнаандохтан корӣ дигар надоранд. Воқеан хоинони бегонапараст, аз ҷумла худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” барои ин корашон аз хоҷаҳояшон маблағҳои калон гирифта истодаанд ва хело раққосаҳои моҳиранд!
Ин навбат афроди бешарафи Муҳаммадиқболи Садриддин санаи 15 октябри соли 2023 тавассути сомонаи “Ислоҳ нет” дар барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир” бо маслиҳати пешакӣ дар якҷоягии думравонаш: Шарофиддин Гадоев ва Шавкат Хусейнов бо навбат баромад намуданд. Зимни ҷараёни баромадҳои ифротӣ бо мақсади ба миёни мардуми кишвар шўру фитна ангехтан наворҳои сохтаи бардурӯғӯро нишон дода, бо ин васила вазъи кунунии кишвари соҳибистиқлоламонро ноором созанд. Умуман, аз баромадҳои бемантиқу беасоси хоинон ҳар як фард бе ягон мушкилӣ дарк менамояд, ки ин тӯдаи хоинон ғояҳои ифротӣ паҳн менамоянд. Агар ин хоинон аз дину мазҳаб огоҳӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба ҳамватанони худ роҳи каҷу килеб ё худ ҷоҳилиро роҳандозӣ намекарданд. Аз дини мубини Ислом ёдовар шуда, таъкидан хоинони бегонапарастро хотиррасон менамоем, ки муъмин бародари муъмин аст, ба бародарат чиро раво дорӣ ба худат раво дор. Вале, аз ин гуфтор хоинони бегонапараст хеле дур ва бехабаранд ва ё худро ба нодонӣ мезананд! Агар огаҳ мебуданд ҳаргиз нисбати ҳамзабонони худ бадгўӣ, тафриқаҷўӣ, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистон дар барномаю созмонҳои хориҷӣ садо баланд намекарданд…
Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, бояд қайд, ки амалҳои бадахлоқонаи хоинони бегонапараст – Муҳаммадиқболи Садриддин ва думраваш Ш. Гадоев, Ш. Ҳусейнов аз беимонию бевиҷдонӣ ва пастфитратӣ ва хиёнатомези онҳо гувоҳӣ медиҳад. Мо ҳамавақт баромадҳои хоинони бегонапарастро маҳкум намуда, намегузорем, ки ин хоинони беимон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сухан гӯянд!