Дар низоми кредитӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси муҳосибӣ ва кадрҳои илмӣ бо мақсади тақвияти иқтидори илмию зеҳнӣ бо усули анъанавию низоми нави бисёрзинагии таълим зоҳир гардонида шудааст.
Бо назардошти талаботҳои “Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷуёни дараҷаи бакалаври муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 13 октябри соли равон бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит таҳти роҳбарии мудири кафедра, дотсент Абдураҳмонова М.З. семинари илмӣ – назариявӣ оид ба навиштани рисолаи хатми бакалавр ва магистрӣ байни хатмкунандагон ва магистрантони ихтисосҳои 25010800 – баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, 250111 – аудит ва ревизия дар толори лексионии №1, бинои таълимии №3 ташкил ва гузаронида шуд. Дар семинари мазкур декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ дотсент Ҳакимзода М.М, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дотсент Абдураҳмонова М.З., мудири шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дотсент Баҳодуров Ҳ., мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо дотсент Қосимова М.Ҳ., аҳли омузгорони кафедра ва хатмкунандагон фаъолона иштирок намуданд.
Дар баромади ифтитоҳии худ декани факултет дотсент Ҳакимзода М.М. оиди мавқеи рисолаи хатм ва тартиби гирифтани иҷозат барои ҳимояи пешакӣ ва асосӣ мухтасар маълумот пешниҳод кард. Инчунин оиди саривақт пардохт намудани қарзҳои академикӣ, супоридани сабақгардонӣ ва маблаѓи хониш огоҳӣ намуд. Ба ҳар як хатмкунанда бомувафаққият омода намудани рисолаи хатм тибқи талаботҳо ва дифои он орзу намуд.
Дар сухани ифтитоҳии худ мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дотсент Абдураҳмонова М.З. дар бораи нақш ва мавқеи рисолаи хатм дар фаъолияти ҷамъбастии хатмкунандагон ва магистрантон, инчунин талаботи методологӣ ва аснодию меъёрии таҳияи рисолаи хатм ва кори магистрӣ мухтасар баромад намуд. Дар баромади худ мудири шуъбаи таҳсилоти дуалӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дотсент Баҳодуров Ҳ. оид ба масъалаҳои алоқамандии мавзуи рисолаи магистрӣ ва рисолаи хатми бакалавр бо объекти таҷрибаомўзӣ маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.
Сухани навбатӣ ба маърузачии семинари мазкур дотсент Содиқова Г.И. дода шуд, ки дар баромади худ ў оид ба қоидаҳои навиштани рисолаи хатми бакалавр ва кори магистрӣ мувофиқи Низомномаи рисолаи хатми бакалавр бо истифодаи слайди мухтасар қайд намуд. Инчунин маърузачӣ ба ҳамаи саволҳои таҳияшуда оид ба қоидаҳои навиштани рисолаи хатм ҷавобҳои посух дод.
Дар охир мудири кафедра ҳозиринро барои иштироки фаъолона сипос гуфта, ба донишҷўён ҳидоят намуданд, ки пешаи роҳи илмро намоянд, зеро ҷавонони заковатманд ояндаи дурахшони миллатанд.