ТЕРРОРИЗИМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ – ХАВФЭҶОДКУНАНДАИ ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Мусаллам аст, ки имрӯз  назаррастарин таҳдид ин терроризим ва экстремизими динӣ мебошад. Оғози онро мо дар мисоли фаъолияти гурӯҳи хуросонии созмони террористӣ бо ном “Давлати  исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва ё бо номи “Давлати исломӣ” мебинем, ки ҷинояткорони байналмилалӣ онро барои фиреби назари мусулмонҳо таъсис додаанд. Бояд қайд кард, ки яке аз самти фаъолияти ин созмони ташкилоти террористӣ ин ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои характери динию экстримистӣ доштаи худ бештар усулҳои навтарини шустани майнаро бо истифода аз технологияҳои сиёсӣ рӯйи даст гирифтааст, мебошад. Оқибат ҷавонони гумроҳ бо ваъдаҳои дурӯғи хоҷагони террорист бовар намуда,  аксаран ба доми он меафтанд. Дар иртибот ба  ин, бояд ёдовар шуд, ки мутаассифон, садҳо нафар шаҳрвандони кишварамон, баъди соли 2014 ба Сурияву Ироқ рафта, ба гурӯҳи тундрави ДИИШ шомил гардида, чандин  нафар ҷавонон  ҷангида, оқибат ҷони худро аз даст додаанд.

      Бо дарназардошти расонаҳои хабарӣ бояд қайд кард, ки  аз ҷониби мақомоти дахлдор дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар  моҳи апрели соли 2019 аз Ироқ 84 нафар кӯдаки аз 1,5 то 15-сола ва моҳи июли соли 2022 аз Сурия 42 нафар зан ва 104 кӯдаки аз 2 то 18 солаи тоҷик ба ватан оварда шуданд. Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳоло дар Сурия ва Ироқ боқимондаи шаҳрвандони кишвар  дар фурсати наздик ба ватан баргардонида мешаванд. Баробари ин, қайд кардан зарур аст, ки нисбатан ба эътидол омадани вазъи Сурия, Ироқ ва  Ливия, аъзоёни  ДИИШ ба таври ошкору пинҳонӣ асосан дар қаламрави Афғонистон ва кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ   маскан гирифтаанд, ки имрӯз ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст.

Хулоса имрӯзҳо мубалиғони ДИИШ ба монанди пайравонаш ТТЭ ҲНИ  шабакаҳои иҷтимоиро чун яроқи муосир – идеологӣ васеъ истифода бурда, бештар аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ, ба мисоли  кишварҳои Россия ва Туркия қарордоштаро ҷалб намуда,  ҷавононро гумроҳ намуда, сафҳои худро зиёд менамояд. Чунончӣ дар соли 2022 як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умед Умаров, ки  номи мустаораш Аҳмад Фарид мебошад, қаблан аз қаламрави Русия муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, баъдан ба Туркияву Эрон ва сониян вориди Афғонистон  шуда, ба  ҷангҷӯёни  ДИИШ  пайвастааст.  Инчунин дар соли 2022 бо дастури аъзои ДИИШ дар  Сурия, аз ҷониби пайраваш – ҷавони роҳгумзада дар яке аз сафоратхонаи хориҷӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе амали террористӣ содир мешуд, хушбахтона он аз ҷониби мақомоти дахлдори кишварамон саривақт пешгирӣ карда шуд. Мисоли дигар, як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре  шаҳрванди Осиёи Марказӣ  бо аъзоёни  ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби фарорасии соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз тарафи мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.

          Дар фарҷоми андешаи хеш, хулосабарорӣ намуда, бояд қайд кард, ки созмонҳо ба мисоли  ДИИШ, ТТЭ ҲНИ ва амсоли ин,  хавфэҷодкунадаи ҷомеаи имрӯза буда,  то ба ҳол, бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Аз ин лиҳоз, мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.Ҷавонони далеру ѓаюри кишвар бо эҳсоси амиқи ватандўстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк намоянд. Имрўз ҷавонон аз илму ҳунари давру замон ҳар чӣ зиёдтар баҳравар шуда, баҳри рушди оилаи худ, маҳалла, ҷомеа ва давлати худ саҳми сазовор гузоранд ва аз фарҳангу маданияти худ баҳравар гарданд, таърихро хуб омўзанду ҳамчун шахсиятҳои арзандаи давру замони худ ба воя расанд, то ки  модар,  аҳли ҷомеа ва ватан солҳои сол ба онҳо аҳсант хонанд.

Ф.МАМАДҶОНОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *