АБЛАҲИ ГУМРОҲШУДА

Санаи 5 апрели  соли равон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ иддаои навбатии яке аз аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи ифротиаш бо номи “Минбари муҳоҷир баромад намудааст, андешаҳои худро иброз медорем.

 М.Садриддин ин навбат низ чун баромадҳои қаблиаш асосан оид ба сиёсати пешгирифтаи  роҳбарияти олии кишвар ва масъалаи оилавӣ, аз ҷумла  падарӣ, иҷтимоии мардум, таҳсили пулаки хонадагони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ андешаи носолимашро баён намуд, ки он ягон асосе надорад .

 Бо истифода аз ин фурсат ба М.Садриддин  хитобан гуфтанием, ки ба корҳои давлатдории мо мудохила накунад! Ногуфта намонад, ки ин аблаҳи гумроҳшуда,  дар сафи ланаткардагони халқу миллат ҷой дорад.  Намунаи  чунин гумроҳӣ қатли шаҳрванди Тоҷикистон Нусрат Назаров, маъруф бо лақаби Абўхолиди Кўлобӣ мебошад. Ин шахсе буд, ки аз таълиму тарбия, аз илму фарҳанг дур буда, аз Ироқ ба ватану модари худ таҳдид мекард. Дар натиҷа хоҷагони худаш ўро мавриди ҳамла қарор дода, ба қатл расониданд. Оқибати кори ҳар гумроҳ чунин аст.

   М.Садриддин – аблаҳи гумроҳшуда  ва умуман тӯдаи гумроҳшудагон ТТЭ ҲНИ-ро  мардуми тоҷик пайваста ва доимо маҳкум мекунад. Ҳамагон медонанд, ки  М.Садриддин ба иѓвогарию тўҳмат овора буда, ба арзишҳои милливу инсонӣ эҳтиром надорад. Барояш хостаҳои хоҷаҳои хориҷӣ болотар аз ҳама муқаддасоти дигар мебошад. Хулоса М. Садриддин  фақат ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ талош дорад ва бо талошҳои бесамари худ умедвор, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш кашад. Аммо М.Садриддин ва умуман раҳбарияту пайравони ТТЭ ҲНИ-и  тафриқаангез бояд ба эътибор гиранд, ки дигар мардуми Тоҷикистон аз паи чунин аблаҳони гумроҳе, ки ҷомеаро ба сӯи вартаи ҷангу ҷидолу хунрезӣ ва вайронкорӣ даъват мекунанд, нахоҳад рафт. Воқеияти ин масъаларо ҳатто дар робита ба сатҳи баргузории нишасти доиркардаи ТТЭ ҲНИ ва афроди ҳангомаҷӯи даъваткардаи онҳо низ метавон пай бурд.

Ҳадафҳои хиёнаткоронаи ТТЭ ҲНИ, хоса аблаҳи гумроҳшуда – М.Садриддин бори дигар собит менамояд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Аз ин рў, барои решакан кардани ақидаҳои ифротӣ муборизаи беамон бояд барем, ки ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост!

 

Д.ШАРИПОВ ,

устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *