СОМОНАҲОИ ИФРОТӢ ҶАМЪИЯТРО БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД!

Мушоҳидаву таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки аксари ҳизбу ҳаракатҳои террористи экстремистӣ, ба мисоли Ташкилоти террористию экстремистии ҳизби назҳати исломи (ТТЭ ҲНИ) ва созмони террористии «Давлати Исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) дар асоси ғояҳои “муҳоҷират”, “ҷиҳод” ва “шаҳодат” низоми ҳуқуқии мавҷударо бо роҳи тадриҷан заҳролуд кардани зеҳни ҷавонон ба эътидол оранд, тазоҳуроти оммавии зиддиҳукуматро ташкил кунанд. Чунин ҳизбу созмонҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дастовардҳои муосири илмӣ-техникии намояндагони худ, аз ҷумла воситаҳои алоқаи мобилӣ ва интернет бештар истифода менамоянд. Дар ҳоле ки аксарияти онҳо ошкоро тавассути саҳифаҳои худ дар сомонаи интернет мардумро ба “ҷиҳод” ташвиқ мекунанд, гурӯҳи дигаре зери ниқоби “корҳои хайрия” ба таблиғот машғуланд.  Гуруҳҳои ифротӣ асосан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷалби аъзои нав ба сафҳои худ, онҳо гурӯҳҳои махсус таъсис додаанд, ки дар системаҳои худ бо ҷалби соҳибихтисосон ба фаъолияти виртуалӣ машғул шаванд. Дар натиҷа, таблиғи ғояҳои радикалӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Facebook, Instagram, VKontakte, Twitter, Tumbler, Telegram, Youtube татбиқ карда мешавад.  

Тибқи таҳлилҳо солҳои охир  бештари ҷавонон, ки дар терроризм, алахусус дар ТТЭ ҲНИ  ва ДИИШ даст доранд, мустақиман дар шабакаҳои иҷтимоӣ  ҷалб карда шудаанд. Ҳадафи асосии таблиғотчӣ ҷудо кардани “тӯъма” аз муҳити атроф мебошад, ки онҳоро бо роҳи фишор аз пайвастан ба террористон муҳофизат мекунад. Дар натиҷа, аъзои оила ва дӯстонро хоҳарон ва бародарон иваз мекунанд, ки онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ «дастгирӣ» мекунанд. Дар иҳотаи иттилооти “нав”, “узв” бидуни дарк кардани то чӣ андоза дуруст будани изҳорот ва аз имконияти фикр кардан маҳрум шудан, кӯр-кӯрона “роҳбаладон” -и худро пайгирӣ мекунад. Дар иртибот ба ин, бо дарназардошти расонаҳои хабарӣ қайд кардан бамаврид аст, ки   як нафар шаҳрванди Тоҷикистон ва дигаре  шаҳрванди Осиёи Марказӣ  бо аъзоёни  ДИИШ ҳамкорӣ намуда, дар шаби Соли нави милодӣ-2023 дар ҳудуди шаҳри Истамбул барои содир намудани амалҳои террористӣ омодагӣ дида буданд, ки оқибат аз ҷониби мақомоти дахлдори Туркия дастгир карда шуданд.

Ин қабили нафарон аксар вақт хеле дер дарк мекунанд, ки бо кадом роҳ ҳамроҳ шудааст ва ба кӣ ҳамроҳ шудааст. Бояд дар хотир дошт, ки баъзан далерӣ ва ғайрати аз ҳад зиёди ҷавонон воситаи муҳим барои мақсадҳои ғаразнок мебошад. Ҳамин тариқ, ҷойгир намудани ҳама гуна маълумотҳои беасосу бемазмун, хабарҳои иғвоангезанда дар сомонаҳои ғайридавлатӣ ҷамъиятро ба гумроҳӣ, нофаҳмиҳо меорад. Тавре аз меъёрҳои конститутсионӣ бармеояд, хисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандустиву ватанпарастӣ ва садоқати халқ ба Ватан, сулҳу ваҳдат, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдоди гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Хулоса, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.

М.АХМЕДОВ,

 устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *