Террористони наҳзатӣ – ҷавобгари воқеаҳои февралӣ

Моҳи феврали соли 1990 дар пойтахти Тоҷикистон Душанбешаҳр ошӯбе рух дод, ки дар натиҷаи он 25 нафар кушта ва чандин нафари дигар маҷруҳ шуданд. Роҷеъ ба сабабҳои сар задани  ин воқеа афкору андешаҳои мухталиф ҷой доранд ва ҳар гурӯҳ мехоҳад, ки даст доштани худро дар чунин ҳаводиси хунин инкор намояд. Сохторҳои қудратӣ ва амниятии вақти собиқ ИҶШС тарафи мухолифро ва мухолифин сохторҳои қудратии шӯравии собиқро гунаҳкор меҳисобанд. Бо вуҷуди ин ҳама афкору андешаҳои гуногун, боварибахштарин фарзия ва далелҳои борҳо собитшуда тасдиқ менамояд, ки ҳаводиси хунини баҳманмоҳи соли 1990 амали дасти роҳбарияти ташкилоти террористии наҳзат буд. Ва ҳамин ҳодисаҳо барои амалҳои минбаъдаи таҷовузкоронаю террористонаи наҳзатиҳо заминаи бунёдӣ гузоштанд.

Ҳарчанд, таърихнигорон воқеаҳои хунини баҳманмоҳи соли 1990-уми дар Душанбе баамаломадаро ҳамсони ошӯбу саркӯбҳо дар ҷамоҳири соҳили Балтика, Қафқоз ва Молдова мешуморанд, Вале дар Тоҷикистон он тамоман  ранги дигар дошт. Фарқ он аст, ки дар Тоҷикистон аллакай дар охири замони шӯравӣ ташкилоти террористии наҳзатӣ созмон ёфта буд ва амал мекард. Дар Тоҷикистон наҳзатиҳои террорист қишри рӯшанфикрону зиёиён ва бедору огоҳро ба майдон кашида, амалҳои ноҷавонмардонаю ғайриинсонии худро пиёда карданд.

Имрӯз бо мақсади барқарор кардани мавқеи худ ин ташкилоти тахрибгар ба ҳанноти сиёсӣ мубаддал гардида, сафедро сиёҳ мегӯяду худро ҷабрдидаи замон эълон мекунанд. Дар бораи фарзандони барӯманди кишварамон, ки дар лаҳзаҳои душвортарин ҷони худро дар хатар гузошта, ватанро ҳимоя карданд, ҳарфҳои носазо мегӯянд. Шояд террористони наҳзатб гумон доранд, ки на ҳама шоҳидони замон дар қайди ҳаётан ва ҳар сухани бемантиқонаю беасосе, ки дар нӯги забонашон омад мегӯянд. Вале онҳо бояд барои як ҳарфи беҷояшон ҳам дар назди қонун ҷавоб гӯянд.

ДИС ДДТТ ассистенти

кафедраи ҷомеашиносӣ

Саидова Заррина Зафаровна

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *