Худшиносии миллӣ дар масири муқовимат бар зидди ғояҳои террористӣ ва эсктремистӣ

 

Дар шароити вусъатёбии раванди ҷаҳонишавӣ  ва ба ҳам бархурдани тамаддунҳову фарҳангҳо масъалаи худшиносии милли аз дирӯза дида аҳамияти бештар пайдо намудааст, зеро мустаҳкам намудани пояҳои маънавии истиқлолияти давлатӣ ва билохира ба дастовардани истиқлолияти комил ба шинохти худии худи инсон вобаста мебошад. Тавре асосгузори Клуби Римӣ, яке аз файласуфони инсонгарои асри XX А. Печчеи таъкид кардаст: “Калобаи сарбастаи ҳамаи муаммоҳо дар ҳастии инсон ниҳон аст, маҳз дар вуҷуди ӯ ҳақоиқи олам, ибтидову интиҳо, орзуву ормонҳо, майлу раѓбат, сарбаландиву нокомиҳо ҷойгузин аст. Ва агар мо куллияти ҳастиро дарк кардан хоҳем, пас дар маркази андешарониҳои мо бояд шахсияти инсон, воқеъият ва имкониятҳои ӯ қарор дошта бошад”.

Вобаста ба ин, бояд тазаккур дод, ки дар замони бархӯрди тамаддунҳову фарҳангҳо, арзи вуҷуд намудани равандҳои гуногуни иҷтимоиву сиёсӣ, ноустувории вазъи ҷаҳони имрӯза масъалаи худшиносии инсон  ҷанбаҳои наве касб менамояд, ки таҳқиқи иҷтимоиву фалсафии онҳо аз аҳамияти илмию амалӣ холӣ нест.

Таърихи инсоният собит менамояд, ки худшиносии миллӣ дар ҳама давру замон дар як сатҳ қарор надоштааст, зеро вай зери таъсири омилҳои мушаххаси иҷтимоиву таърихӣ дар раванди ҷомеасозӣ ва давлатсозӣ арзи вуҷуд менамояд. Аз ҷумла дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин падида бо тобишҳои нав ба назар мерасад. Амалияи ҷомеасозии кишварҳои дар ҳоли тағйирёбӣ қарордошта, ки Тоҷикистон дар қатори онҳост, собит менамояд, ки масъалаи худшиносии миллӣ бевосита ба муаммоҳои бунёди давлати миллӣ ва таъмини амнияти он вобаста мебошад.

Равандҳои ҷаҳонишавии муосир, вусъати муборизаҳои мафкуравӣ ва кӯшиши субъектҳои муносибатҳои сиёсӣ бо ҳар роҳу усул амали намудани манфиатҳои геополитикии хеш тақозо менамояд, ки  таҳқиқи худшиносии миллӣ дар масири равандҳои эҳтимолии инкишофи ҷараёнҳои сиёсӣ ва ояндабинии илмӣ сурат гирад.

Дар ин замина муборизаи мафкуравӣ авҷ гирифта,   фишороварӣ ба фарҳангу арзишҳои миллату халқҳои дар суръати инкишоф ақибмонда торафт амиқтар гашта фаъолияти таблиғотии баъзе аз созмонҳои хосияти ифротидошта дар минтақаҳои гуногун пурзӯр мегардад, ки таъсири он дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеаи ҷаҳонӣ бетаъсир нахоҳад монд. Мисоли равшани ин тамоюлро мо дар мисоли чанд давлатҳои арабӣ, Африқову Аврупо дида метавонем, ки онҳо натиҷаи кӯшиши амалигардонии манфиатҳои геополиткию мафкуравии абарқудратҳо мебошад, бевосита тамоюлҳли эҳтимолии равандҳои сиёсиро куллан тағйин дода истодаанд. Бинобар ин, агар дар раванди ҷаҳонишавии муосир аз як тараф робитаҳои иқтисодии давлатҳо пурзӯр гашта имкониятҳои бештари рушди ҷомеаҳои дар ҳолати модернизатсия қарор дошта ба миён ояд, аз тарафи дигар – фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ин ҷомеаҳо бо арзишҳои барои ҷомеаҳои суннатӣ бегона олуда гашта, пояҳои ахлоқиву маънавии онҳо заиф мегарданд. Дар ин ҷараён  рушду такомули рӯзафзуни худшиносиву худогоҳиии миллату халқҳо ва гурӯҳҳои этникӣ, ҷустуҷӯи асли хеш ва  аз ҳама муҳим дарки равандҳои эҳтимолии хатарзои замони имрӯза аз ҷумлаи вазифаҳои мубрами рӯз маҳсуб меёбад.

Шиносои ва таҳлилҳо  нишон медиҳад, ки муаллифон асосан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки омилҳои гаравидани афроди алоҳидаро ба ҳаргуна гурӯҳҳои экстримиству ҳизбҳои террористӣ ба мисли “Ҳизби Наҳзати ислом”, “Ал-Қоида”, “ДОИШ”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Салафия”, “Ваҳҳобия” ва дигарҳо муайян намоянд. Бояд  тазаккур дод, ки нуктаю назарҳо оид ба омилҳои гаравидани қишрҳои алоҳидаи ҷомеа сӯи ҳаракатҳову ҳизбҳои алоҳида гуногунанд, ҳатто дар баъзе мавридҳо андешаҳои зидди якдигар баён мегарданд. Агар баъзе муаллифон ин омилҳоро ба ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва фаъолияти номуназзами ниҳодҳои иҷтимоии ҷомеа вобаста намоянд, [7:178, 191]  гурӯҳи дигари муҳаққиқон ин иллатҳоро дар бегонашавии тоҷикон аз таърих, забону адабиёт, анъанаҳои суннатии миллати тоҷик, маҳдуд будани саводи дунявию динӣ, ки боиси косташавии ахлоқи шахс ва ҷомеа гаштаанд,  муайян менамоянд. Сеюмин бошанд, сабаби ин раванди номатлубро дар вусъатёбии зиддиятҳои ҳастии иҷтимоиву иқтисодӣ, мисли бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, сатҳи пасти некӯаҳволии мардум мебинанд. Дар ин маврид онҳо ба он далел ишора менамоянд, ки қисми зиёди гаравидагон (аз рӯи баъзе маълумотҳо 80-90 %) и онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан ба доми фиреби ифротгароён афтидаанд.

Вобаста ба андешаҳои мазкур бояд таъкид намуд, ки ҳамаи ин омилҳо дар фазои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангиву иқтисодии ҷомеаи муосири Тоҷикистон ҷой доранд, аммо ба фикри мо яке аз сабабҳои асосии гароиши қишрҳои алоҳидаи ҷавонон – тангназарӣ ва маҳдудияти шуури миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, вақте, ки сухан аз боби муқовимати ҷомеа ва шахс бар зидди экстремизми динӣ, терроризм ва ифротгароӣ меравад, мо набояд ин муамморо саҳл бинем. Воқеан, сари ин масъала таваҷҷуҳи амиқ мебояд, зеро дарёфтани омили асосии  ин раванди номатдуб    душвориҳои ба худ хос дорад. Агар ба инобат гирем, ки мафкураи иртиҷоӣ барои ғасби ақли инсон равона шудааст, ин мавзӯъ хислати байнифаннӣ пайдо намуда, он ҷанбаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, сиёсӣ, равонӣ, психофизиологиро касб менамояд. Аз ин лиҳоз, нигоҳи илмӣ бояд ба маърифати ин равандҳои хатарзо ба парадигмаҳои ҷадиди илм, ки хислати  системавиро доранд, такя намояд.

Ба даст даровардани истиқлолият ва ваҳдати миллӣ заминаи боэътимоди амали гаштани ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории  моро фароҳам  овард. Таҳлили таърихӣ собит менамояд, ки талошу муборизаҳои гузаштагонамон ба хотири озодиву истиқлолият чун мероси аҷдодӣ аз насл ба насл интиқол ёфта, боиси умри ҷовид пайдо намудани суннатҳои пурқиммати иҷтиммоиву фарҳангии ѓановатманди мо гардиданд. Аз фарози қарни 21 ба гузаштаи дури миллатамон назар афканда  набояд фаромӯш созем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии  мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, истиқлолияти тоҷикон ва шинохтани худии худ дар умқи таърихи куҳанбунёд решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангиро дорост. Муборизаи адолатхоҳона ва қаҳрамониҳои гузаштагони мо мисоли равшани истиқлолхоҳии аҷдодони мо баҳри дарёфти асолату рисолати  миллати хеш мебошад. Аз ин рӯ, тавре баъзе муҳаққиқон ишора менамоянд, истиқлолияти тоҷикон, фақат натиҷаи пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Раванди худшиноси, аз ҷумла худшиносии сиёсӣ мардуми мо  тӯли ҳазорсолаҳо идома ёфта,  дар ибтидои  асри ХХ шаклу мазмуни нав пайдо намуд. Гарчанде мо имрӯз  дар арафаи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии қарор дорем, вале  набояд муборизаҳои маънавии намояндагони фарзонаи миллатро дар солҳои 1924, 1929 ва дар давраҳои минбаъда аз хотир барорем. Муборизаи шадиди сиёсиву мафкуравии фарзандони бузурги миллатамон мебошад. Онҳо, барҳақ, барои бедорӣ ва худогоҳии миллӣ ба тариқи таҳқиқу таблиѓи таърихи бисёрҳазорсолаи ниёгон ва мероси оламгиру  ҷовидона мубориза бурда халқи моро ба шоҳроҳи манфиатҳои аслии миллӣ  ҳидоят намуданд.

Роҳи иҷтимоӣ-фарҳангие, ки ҳар як миллат дар тӯли таърих тай менамояд пояйи ташаккули худшиносии вай мебошад. Вале  бояд дар назар дошт, ки ёддошти таърих  набояд ба хотири худситоӣ бошад.  Рӯйовариҳои мо  ба гузаштаи хеш барои тақвияти руҳи созандагӣ, бузургдошти  хотираи нахустаҷдодҳоямон дар дарозои таърих ва дар ин замина бунёди давлати соҳибистиқлоли миллӣ мебошад. Чунин масъалагузори  маънои чуқур дорад, зеро моҳиятан дар ин ҷо сухан дар бораи падидаҳои маънавӣ, кӯшишу ормонҳо, арзишҳое меравад, ки тӯли ҳазорсолаҳо мардуми тоҷикро аз нестшавӣ эмин дошта, имконияти нигоҳдории хотираи таърихиро додааст. Баъди ҳазорсолаҳо дар ибтидоӣ қарни ХХI  эҳёи ғояи миллӣ, дар ботини тоҷикон нуҳуфта буд оғоз гашт ва  тоҷикон соҳиби давлати миллӣ шуданд. Маҳз дарки зарурияти худшиносиву худогоҳӣ  имконият дод, ки зиддиятҳои иҷтимову сиёсии ибтидоӣ солҳои 90 – ум паси сар шуда, тоҷикон дар атрофи давлати соҳибистиқлоли миллӣ муттаҳид гарданд.

Эҳтимолияти рушди равандҳои сиёсиро дар ҷомеа таҳлил намуда Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомали Раҳмон борҳо таъкид намудааст, ки “сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар як шахс  ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳад, ватандӯсту ватанпарвар бошад, аз гузаштаи пурғановати ниёгон ифтихор кунад ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиашро эҳтиёт ва ҳифз намояд”.

 

Ассистенти кафедраит илмҳои ҷомеашиносӣ

Саидова Зарина   

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *